ДИДОРБИНИИ ПИРОНИ БАРНОДИЛ

Бо такя ба сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тантанаҳои идонаи наврӯзӣ аёдати пирони рӯзгордида ва собиқадорони меҳнати шаҳри Бӯстон сурат гирифт. Ин амри хайру савоб аз ҷониби директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимзода ва раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ амалӣ карда шуд.Дар ин рӯз собиқадори меҳнат, гирандаи нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявидошта Сорохон Махсумова ва собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Инъомҷон Полвонов ба аёдат фаро гирифта шуда, ба онҳо паёми табрикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон расонида шуд.

Зимни суҳбати самимӣ аз хизматҳои софдилонаву садоқатмандонаи собиқадорон ёдовар гардида, барои саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар ба онҳо изҳори сипосмандии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд.Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста пирони рӯзгордида, собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва меҳнатро ба ғамхорӣ фаро гирифта, фаъолияти ибратбашхи онҳоро ҳамчун мактаби бузурги тарбияи насли шоистаи замон мавриди тарғибу ташвиқ қарор хоҳад дод.Ба аёдатшудагон туҳфаҳои хотиравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон дастрас карда шуд.Пирони барднодил изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *