Ахбори Раёсати молия дар шаҳри Бӯстон оид ба иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Бӯстон дар семоҳаи якуми соли 2023
Раёсати молия дар шаҳри Бӯстон якҷо бо сохторҳои иқтисодии шаҳр дар давоми семоҳаи аввали соли 2023 ҷиҳати таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №553 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Бӯстон дар семоҳаи якуми соли 2023 мувофиқи ба андозаи 110,6 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 13 млн. 424,0 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда, ба буҷети маҳаллӣ 14 млн. 840,5 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша ба маблағи 1 млн. 416,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи ҳамаи манбаҳои андозию ғайриандозӣ аз 103,6 то 149,3 фоиз таъмин гардид.
Дар таркиби даромадҳои ҷории буҷети маҳаллии шаҳр ҳиссаи андозҳои бо низомҳои махсус пардохтшаванда 3 млн. 229,1 ҳазор сомонӣ ё 21,8 фоиз, андоз аз арзиши иловашуда 3 млн. 72,3 ҳазор сомонӣ ё 20,7 фоиз, андоз аз даромади шахсони воқеӣ 2 млн. 842,0 ҳазор сомонӣ ё 19,2 фоиз, андоз аз даромади шахсони ҳуқукӣ 2 млн. 553,2 ҳазор сомонӣ ё 17,2 фоиз, андозҳо аз молу мулк 2 млн. 383,8 ҳазор сомонӣ ё 16,1 фоиз, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ 309,1 ҳазор сомонӣ ё 2,1 фоиз, боҷи давлатӣ 223,2 ҳазор сомонӣ ё 1,5 фоиз, аксизҳо 132,9 ҳазор сомонӣ ё 0,9 фоиз ва андозҳо барои захираҳои табиӣ 95,0 ҳазор сомонӣ ё 0,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, дар марҳилаи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади умумии буҷети шаҳр (контингент бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 109,6 фоиз ва ба маблағи 33 млн. 274,9 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба маблағи 2 млн. 908,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳр дар давраи ҳисоботӣ дар доираи даромадҳои воқеии буҷет амалӣ гардида, мувофиқи маълумотҳои пешакӣ ба андозаи 98,8 фоиз иҷро шуда, ба иқтисодиёти шаҳр 12 млн. 730,9 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки нисбат ба нақша 160,6 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Дар маблағгузории буҷети маҳаллӣ чун ҳамавақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, яъне маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида шуда, дар маҷмӯъ ба соҳаҳои мазкур дар давраи ҳисоботӣ наздик 8 млн. 422,1 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки баробари 66,2 фоизи ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷети шаҳр мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ барои маблағгузории соҳаи маориф 4 млн. 106,4 ҳазор сомонӣ равона гардида, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети шаҳр 32,3 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, барои нигоҳдории муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр, ки тибқи қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, №505 «Оид ба тасдиқи қоидаҳои маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» аз соли 2008 ба шакли нави маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаштаанд, дар давраи ҳисоботӣ 2 млн. 823,6 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуд.
Маблағгузории соҳаи тандурустӣ бошад 3 млн. 200,6 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум ба маблағи 911,2 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 39,8 фоиз зиёд буда, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети шаҳр 25,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ барои нигоҳдории муассисаи давлатии «Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ»-и шаҳр, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2015, №827 «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 марти соли 2016, №120 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2015, №827 «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» ба маблағгузории сарикасӣ гузаштааст, 981,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети маҳаллӣ барои маблағгузории соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 406,8 ҳазор сомонӣ (3,2 фоизи хароҷоти умумӣ), суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 69,7 ҳазор сомонӣ (0,5 фоизи хароҷоти умумӣ), хоҷагии манзилию коммуналӣ 3 млн. 827,2 ҳазор сомонӣ (30,1 фоизи хароҷоти умумӣ), фарҳанг ва варзиш 1 млн. 45,3 ҳазор сомонӣ (8,2 фоизи хароҷоти умумӣ), кишоварзӣ 28,6 ҳазор сомонӣ (0,2 фоизи хароҷоти умумӣ) ва дигар хароҷотҳо 46,1 ҳазор сомонӣ (0,4 фоизи хароҷоти умумӣ) ба истифода дода шуд.
Бояд қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини маблағгузории хароҷоти ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вобаста ба пардохти музди меҳнат 5 млн. 686,8 ҳазор сомонӣ ва ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоӣ 1 млн. 416,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона шуда, музди меҳнат ва ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр ба пуррагӣ пардохт гардида, аз рӯи пардохтҳои номбурда қарздориҳо мавҷуд намебошанд.
Дар шаҳр хариди мол, кор ва хизматрасониҳо, ки аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллӣ ва ҳисоби махсус анҷом дода, доираи меъёрҳои муқарраршуда бо пешниҳоди протоколи комиссияи тендерӣ амалӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, тибқи қарордодҳои озмуни (тендери) хариди давлатӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба раёсати молия пешниҳодшуда, дар семоҳаи аввали соли 2023-ум аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва махсус 3 адад озмуни (тендери) хариди давлатӣ, ки дархостҳои ташкилоту муассисаҳо маблағи 1 млн. 515,0 ҳазор сомониро ташкил додааст, гузаронида шуда, дар натиҷаи гузаронидани озмунҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ қарордодҳои тендерӣ ба маблағи умумии 1 млн. 434,6 ҳазор сомонӣ ба тасвиб расонида, сарфаи маблағҳои буҷетӣ 80,4 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дар ин давра аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр бо мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла расонидани кӯмакҳои молиявӣ ва пӯшонидани хароҷотҳои иловагии муассисаҳои буҷетӣ мутобиқи қарорҳои дахлдори раиси шаҳр ҳамагӣ 8,2 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Дар соли 2023 чун ҳамасола низ ба масъалаҳои аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр дастгирӣ намудани собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни бартарафкунии садамаи Чернобил, оилаҳои хизматчиёни ҳарбии дар ҷангҳо ҳалокгардида ва дигар қабил шаҳрвандоне, ки ба дастгирии моддии давлату ҳукумат ниёз доранд, аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст.
Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ мутобиқи қарорҳои дахлдори раиси шаҳр ба 2 нафар шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ хизмати шоиста карданд, 7 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар ва маъюбони Артиши Шӯравӣ, 6 нафар маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ба андозаи 80 сомонӣ, кӯмакпулии ҳармоҳа таъин гардида, дар семоҳаи аввали 2023 ба ин мақсад 3600 сомонӣ маблағгузорӣ гардид. Инчунин, ба 2 нафар шаҳрванд, ки хизматҳои махсус дар назди вилоят доранд иловапулии ҳармоҳа ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (136 сомонӣ) ба нафақа таъин гардида, дар давраи ҳисоботӣ ба ин мақсад 816 сомонӣ маблағгузорӣ гардид.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи қарорҳои раиси шаҳр аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои бо доруворӣ ва лавозимоти тиббии бепул таъмин намудани кӯдакони то 3 сола, маъюбони модарзод, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда, иштирокчиён ва маъюбони бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, маъюбони Артиши Шӯравӣ ва таъмини хуни бехатари донорӣ 1323 сомонӣ маблағгузорӣ гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати сари вақт ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона намудани 30 фоизи маблағҳои иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, мувофиқи ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2023 дар моҳи апрели ҷорӣ ба фонди номбурда 425,0 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд.
Инчунин, тибқи муқаррароти қисми 1, моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» аз ҳисоби маблағи иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар семоҳаи аввали соли 2023-ум 49,4 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 1,4 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 50,8 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ гузаронида шуд.
Раёсати молия дар шаҳри Бӯстон
Ахбори Раёсати молия дар шаҳри Бӯстон оид ба иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Бӯстон дар соли 2022
Раёсати молия дар шаҳри Бӯстон якҷо бо сохторҳои иқтисодии шаҳр дар давоми соли 2022 баҳри таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №553 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022», як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Бӯстон дар соли 2022 мувофиқи маълумотҳои пешакӣ ба андозаи 104,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 54 млн. 49,0 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда, ба буҷети маҳаллӣ 56 млн. 281,8 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша ба маблағи 2 млн. 232,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар баробари ин, дар марҳилаи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади умумии буҷети шаҳр (контингент бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 107,8 фоиз ва ба маблағи 125 млн. 933,6 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба маблағи 9 млн. 100,6 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба иҷроиши воқеъии соли 2021 ба маблағи 11 млн. 926,3 ҳазор сомонӣ (10,5 фоиз) зиёд мебошад.
Дар давра ҳисоботӣ, гарчанде нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ пурра ва барзиёд таъмин гардида бошад ҳам, нақшаи андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба андозаи 11,7 фоиз таъмин нагардида, аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 1 млн. 379,8 ҳазор сомонӣ ворид нагардид.
Дар таркиби даромадҳои ҷории буҷети маҳаллии шаҳр ҳиссаи андозҳои бо низомҳои махсус пардохтшаванда 13 млн. 270,4 ҳазор сомонӣ ё 23,6 фоиз, андоз аз арзиши иловашуда 12 млн. 115,1 ҳазор сомонӣ ё 21,5 фоиз, андоз аз даромади шахсони воқеӣ 10 млн. 367,2 ҳазор сомонӣ ё 18,4 фоиз, андоз аз даромади шахсони ҳуқукӣ 9 млн. 56,8 ҳазор сомонӣ ё 16,1 фоиз, андозҳо аз молу мулк 7 млн. 972,3 ҳазор сомонӣ ё 14,2 фоиз, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ 1 млн. 484,1 ҳазор сомонӣ ё 2,6 фоиз, боҷи давлатӣ 1 млн. 167,9 ҳазор сомонӣ ё 2,1 фоиз, аксизҳо 532,2 ҳазор сомонӣ ё 0,9 фоиз ва андозҳо барои захираҳои табиӣ 315,6 ҳазор сомонӣ ё 0,6 фоизро ташкил медиҳад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳр дар соли 2022 дар доираи даромадҳои воқеии буҷет амалӣ гардида, мувофиқи маълумотҳои пешакӣ ба андозаи 94,5 фоиз иҷро шуда, ба иқтисодиёти шаҳр 53 млн. 859,9 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки нисбати нақша 3 млн. 152,5 сомонӣ кам мебошад.
Дар маблағгузории буҷети маҳаллӣ чун ҳамавақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, яъне маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида шуда, дар маҷмӯъ ба соҳаҳои мазкур дар давраи ҳисоботӣ 39 млн. 228,5 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки баробари 72,8 фоизи ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷети шаҳр мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ барои маблағгузории соҳаи маориф 21 млн. 104,8 ҳазор сомонӣ равона гардид, ки нисбат ба соли 2021 ба маблағи 849,9 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 4,2 фоиз зиёд буда, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети шаҳр 39,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, барои нигоҳдории муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр, ки тибқи қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2007, №505 «Оид ба тасдиқи қоидаҳои маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» аз соли 2008 ба шакли нави маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаштаанд, дар давраи ҳисоботӣ 11 млн. 458,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуд.
Маблағгузории соҳаи тандурустӣ бошад 12 млн. 172,4 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2021 ба маблағи 1 млн. 241,6 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 11,4 фоиз зиёд буда, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети шаҳр 22,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ барои нигоҳдории муассисаи давлатии «Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ»-и шаҳр, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2015, №827 «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 марти соли 2016, №120 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2015, №827 «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» ба маблағгузории сарикасӣ гузаштааст, 3 млн. 760,2 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети маҳаллӣ барои маблағгузории соҳаҳои ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2 млн. 42,4 ҳазор сомонӣ (3,7 фоизи хароҷоти умумӣ), суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 304,7 ҳазор сомонӣ (0,6 фоизи хароҷоти умумӣ), хоҷагии манзилию коммуналӣ 12 млн. 334,5 ҳазор сомонӣ (22,9 фоизи хароҷоти умумӣ), фарҳанг ва варзиш 5 млн. 646,5 ҳазор сомонӣ (10,5 фоизи хароҷоти умумӣ), кишоварзӣ 104,6 ҳазор сомонӣ (0,2 фоизи хароҷоти умумӣ) ва дигар хароҷотҳо 150,0 ҳазор сомонӣ (0,3 фоизи хароҷоти умумӣ) ба истифода дода шуд.
Бояд қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини маблағгузории хароҷоти ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вобаста ба пардохти музди меҳнат 20 млн. 463,6 ҳазор сомонӣ ва ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоӣ 5 млн. 127,6 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона шуда, музди меҳнат ва ҳиссаҷудокуниҳо ба суғуртаи иҷтимоии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр ба пуррагӣ пардохт гардида, аз рӯи пардохтҳои номбурда қарздориҳо мавҷуд намебошанд.
Дар давоми соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти кӯмакпулӣ ба 6 нафар кӯдакони то синни 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масъунияти одам мебошанд 32256 сомонӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунии байнибуҷетӣ ворид гардида, мувофиқи мақсад ба харҷ дода шуд.
Дар шаҳр хариди мол, кор ва хизматрасониҳо, ки аз ҳисоби маблағи буҷети маҳаллӣ ва ҳисоби махсус анҷом дода, доираи меъёрҳои муқарраршуда бо пешниҳоди протоколи комиссияи тендерӣ амалӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, тибқи қарордодҳои озмуни (тендери) хариди давлатӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба раёсати молия пешниҳодшуда, дар соли 2022-ум аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва махсус 43 адад озмуни (тендери) хариди давлатӣ, ки дархостҳои ташкилоту муассисаҳо маблағи 12 млн. 683,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, гузаронида шуда, дар натиҷаи гузаронидани озмунҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ қарордодҳои тендерӣ ба маблағи умумии 12 млн. 11,8 ҳазор сомонӣ ба тасвиб расонида, сарфаи маблағҳои буҷетӣ 671,9 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дар ин давра аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр бо мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла расонидани кӯмакҳои молиявӣ, гузаронидани чорабиниҳо, дастрас намудани таҷҳизотҳои техникӣ ва пӯшонидани хароҷотҳои иловагии муассисаҳои буҷетӣ мутобиқи қарорҳои дахлдори раиси шаҳр 68,3 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Дар соли 2022 чун ҳамасола низ ба масъалаҳои аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр дастгирӣ намудани собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни бартарафкунии садамаи Чернобил, оилаҳои хизматчиёни ҳарбии дар ҷангҳо ҳалокгардида ва дигар қабил шаҳрвандоне, ки ба дастгирии моддии давлату ҳукумат ниёз доранд, аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст.
Аз ҷумла, мутобиқи қарорҳои дахлдори раиси шаҳр ба шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ хизмати шоиста карданд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони Артиши Шӯравӣ ва маъюбони бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ба андозаи 60 сомонӣ кӯмакпулии ҳармоҳа таъин гардида, дар соли 2022 ба ин мақсад 10080 сомонӣ маблағгузорӣ гардид. Инчунин, ба 2 нафар шаҳрванд, ки хизматҳои махсус дар назди вилоят доранд иловапулии ҳармоҳа ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (128 сомонӣ) ба нафақа таъин гардида, дар давраи ҳисоботӣ 3072 сомонӣ маблағгузорӣ гардид.
Ҳамчунин, дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи қарорҳои раиси шаҳр аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои бо доруворӣ ва лавозимоти тиббии бепул таъмин намудани кӯдакони то 3 сола, маъюбони модарзод, маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда, иштирокчиён ва маъюбони бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, маъюбони Артиши Шӯравӣ ва таъмини хуни бехатари донорӣ 17,4 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» ва қарори раиси вилояти Суғд аз 25 апрели соли 2022, №143 дар ин бобат, қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 4 майи соли 2022, №98 ба тавсиб расида, дар соли 2022 бо мақсади захира намудани 331,0 тонна ангиштсанг дар муассисаҳои соҳаи маориф ва 73,0 тонна ангиштсанг дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ҳамагӣ аз буҷети маҳаллӣ 231,8 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати сари вақт ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона намудани 30 фоизи маблағҳои иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллӣ чораҳои зарурӣ андешида, мувофиқи ҷамъбасти соли 2022 ба фонди номбурда 666,2 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд.
Инчунин, тибқи муқаррароти қисми 1, моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» аз ҳисоби маблағи иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2022-ум 77,7 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ гузаронида шуд.
Раёсати молия дар шаҳри Бӯстон