Таърихи шаҳр

Шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) ҳанӯз бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 10 августи соли 1956 ва қарори Шӯрои вакилони меҳнаткаши вилояти Ленинобод аз 14 сентябри соли 1956 Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони меҳнатакаши Чкаловск таъсис ва тасдиқ карда шуд.

Дар тобеияти маъмурии Шӯрои вакилони меҳнатакаш бо қарори Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистони советӣ аз 30 июли соли 1964 деҳаи Палоси ноҳияи Хуҷанд бо статуси шаҳрак ворид карда шуд.

Соли 1970 бо такмилёбии сохтори вилоят шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) ба ҳайси шаҳри тобеи вилоят табдил ёфт.

Дар робита бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 номи Шӯрои вакилони халқи шаҳр бо Маҷлиси вакилони халқи шаҳр иваз карда шуд.

Боиси зикр аст, ки ҳанӯз аз соли 1996 то соли 2022 (моҳи январ) Ӯғулой Тоҳирова, Ахмедов Нӯъмон Бурҳонович, Абдуллоева Раъно Шарафовна, Гришина Раиса Михайловна, Шеблетова Полина Сергеевна, Желтов Валерий Дмитриевич, Борода Александр Иванович, Шокиров Ҷӯра Раҳмонович, Иброҳимов Иброҳим Сангинович, Бобоев Собит Абдуллоевич, Абдуназаров Хисрав Насруллоевич, Бобозода Шавкат Бобораҷаб, Рухсора Давлатзода ва Раъно Ҳошимзода ба ҳайси раиси шаҳр фаъолият бурда, барои барқарорсозии инфрасохтори шаҳр ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҳиссагузорӣ намуданд.

Аз моҳи январи соли 2022 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мавсума Муинӣ раиси шаҳри Бӯстон таъин гардид.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии шаҳр таъмин гардида, як қатор иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт.

Оид ба зиндагии сарҷамъонаву муттаҳидии сокинони кишвар дар шаҳри Бӯстон ва фаъолияти фарзандони барӯманди кишвар дар рушди босуботи ин гӯшаи зебоманзари кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид изҳор доштаанд, ки: “Тоҷикистон – ин сарзамини ҳамаи онҳоест, ки дар ҳудуди он зиндагӣ мекунанд. Ҳақиқати барҷастаи ин дар симои шаҳри Бӯстон муҷассам аст. Маҳз дар ин ҳамин шаҳр бузургтарин корхонаҳои саноатии кишвари мо бунёд ёфтаанд, ки онҳо тавассути намояндагони миллатҳои мухталиф рушд мекунанд”. 

Маҳз рушди бемайлони шаҳр боис гардид, ки бо мақсади ба бӯстони воқеӣ табдил ёфтани шаҳри Чкалов, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2016, № 29 ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2016, № 204 номи шаҳри Чкалов ба шаҳри Бӯстон тағйир дода шуд.