ОИЛАИ СОЛИМ – ҶУЗЪИ МУҲИМИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

Тибқи нақшаи чорабинҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон 29 июли соли 2025 дар Ҷамоати шаҳраки Палос даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии тарбиявию фарҳангии “Беҳтарин ҳамсар”, “Беҳтарин хушдоман”, “Фарзанди нағз — боғи падар” ва “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” баргузор гардид.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ доир гардида, ҳадафи асосии он тарғибу ташвиқи оиладорӣ ҳамчун асоси ҷомеаи солим, баланд бардоштани нақши зан дар ҳаёти иҷтимоӣ, таҳкими арзишҳои суннатии миллӣ, тақвияти пояҳои ахлоқии хонавода ва дастгирии оилаҳои ҳунарманду намунавӣ мебошад. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Шаҳноза Каримӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Фарзона Ҳофиззода, раиси Ҷамоати шаҳраки Палос Шӯҳрат Аброров ва муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Нодира Мирзозода, инчунин собиқадорон, фаъолзанон, омӯзгорон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни озмун иштирокчиён – намояндагони ҷамоат ва маҳаллаҳои шаҳр бо донишу ҷаҳонбинӣ, маҳорати суханварӣ, таҷрибаи зиндагӣ ва ҳунарҳои мардумии худ ҳунарнамоӣ карда, симои воқеии як ҳамсари вафодор, хушдомани хирадманд, фарзанди ифтихории падару модар ва оилаи ҳунармандро муаррифӣ намуданд. Ҳайати ҳакамон таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳорат ва муносибати оилавии иштирокчиёнро бо таваҷҷуҳ ба фарҳанг, ахлоқ, масъулиятшиносӣ ва нақши онҳо дар ҷомеа баҳогузорӣ намуданд.

Зимни баргузории озмун лаҳзаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ манзури иштирокдорон карда шуд. Дар интиҳои даври шаҳрии озмун ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо сипоснома, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон қадрдонӣ гардида, саҳми онҳо дар ташаккули муҳити солими иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таъкид гардид.

Баргузории чунин озмунҳои тарбиявӣ бешубҳа барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, дар роҳи интихоби дурусти ҳамсафар, тарбияи насли солим ва устувории пояҳои хонавода мусоидат намуда, ба таҳкими фарҳанги миллӣ ва бедорсозии эҳсоси худшиносӣ ва худогоҳӣ дар ҷомеа нақши муассир мегузорад.