Тибқи ҷадвали Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯро Раҷаб Аҳмадзода тасдиқ гардидааст ва нақшаи Шӯрои шаҳрӣ 30 июли соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷаласаи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракат дар шаҳр бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Шӯроҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 доир карда шуд.

Дар кори Шӯро муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аъзои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рустамзода Суҳроб иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар кори Шӯро мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, аъзои Шӯро ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, ходимони дин, раисони маҳаллаҳо ва намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат варзиданд.
Кори Шӯро ба сухани ифтитоҳии муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода оғоз гардида, қайд карда шуд ки ба майдон омадани Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳамчун иттиҳоди ихтиёрии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият баҳри истиқрори сулҳ ва таҳкими муттаҳидии миллат амри зарурӣ ва воқеӣ буд, ки аз ибтидои таъсисаш то имрӯз ҳадафи он таҳкими раванди ваҳдати миллӣ, устувории суботи иҷтимоӣ ва таъмини муносибати мутавозини миёни ҷомеа ва давлат мебошад.
Дар арафаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади пойдории оромӣ, осоиштагӣ, ободӣ ва пурқувват гардидани кишвар – Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил ёфт.
Натиҷаи ин дастгириҳо буд, ки дар тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо ва аксари субъектҳои хоҷагидор дар саросари мамлакат шӯроҳои минтақавии Ҳаракат ташкил ёфтаанду аз паи иҷрои мақсадҳои волои Ҳаракат шуданд.
Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ҳимоятгари манфиатҳои олии ҷомеа, пеш аз ҳама ваҳдати комили миллат ва эҳёи Тоҷикистон аст, ки ин ду ғоя дар масири дигар манфиатҳои миллӣ мавқеи хосса ва тақдисозро дорост. Аз ҳамин сабаб, аз ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятию давлатӣ, эҷодию касбӣ, миллию динӣ, илмиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву байналмиллалӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои Ҳаракат даъват менамоем ва умеди онро мекунем, то дар якҷоягӣ ба муроди хеш бирасем.
Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иттиҳоди ихтиёрии ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, Оиннома ва Барномаи Ҳаракатро эътироф менамоянд.
Ҳадафи асосии Ҳаракат муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва нерӯҳои Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу суботи доимӣ, боварии тарафайну ризоияти шаҳрвандӣ, аз буҳрон раҳо додани ҷомеа, таҳкими якпорчагии давлат ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкиму ривоҷи демократия, комёб шудан ба риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мебошад.
Тавре маълум аст, бо маќсади тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдати миллӣ Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар кишвар, алалхусус дар шаҳри Бӯстон фаъолият мебарад.
Баъдан, номбурда ҳозиринро бо рӯзномаи Шӯро муаррифӣ намуда, аъзои нави Шӯроро, ки тибқи пешниҳоди котиби масъули Шӯро қабул карда шуданд, ба иштирокдорон шинос намуд.
Дар идома, ҳисоботи котиби масъули Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Шаҳноза Каримӣ вобаста ба фаъолияти Шӯро дар нимсолаи аввали соли 2025 ироа гардид.
Дар идома, ҷиҳати рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Бӯстон мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросими шаҳр Фозилов Муҳамадалӣ ва рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” сармутахассиси шуъбаи маориф Рухшона Худойбердиева баромад намуд.

Сипас, сухан ба намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аъзои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рустамзода Суҳроб манзур карда шуд.
Дар охир, ҷиҳати вусъати фаъолияти Шӯро аз ҷониби муовини раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода ба аъзои Шӯро дастуру супоришҳои мушаххас баён гардид.


















