ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ – роҳандозии фаъолияти гуруҳи корӣ ва рафъи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта

Тибқи дастуру супоришҳои раиси шаҳр муҳтарам Фирӯза Нуруллозода, ки 28 июли соли 2025 дар машварати кории назди раиси шаҳр ироа гардиданд, вобаста ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият дар самти тозаю озода нигоҳ доштани шафати шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров (шафати ҶДММ “Камоли Хуҷанд”, ҶДММ “700 – солагии Ҳамадонӣ”, ҶДММ “Корвон-Плаза” ва ҶДММ “Саховат”), бартараф намудани сабабу омилҳои савдои сарироҳӣ, ивази шиору овезаҳои куҳнаву фарсудашуда ва дорои ғалатҳои имлоиву маънавӣ, мавқеи ҷойгиршавии онҳо тибқи талабот фаъоляти самараноки гуруҳи корӣ таҳти раёсати Муовини якуми Раиси шаҳр Баҳодур Яқубзода бо аъзои гуруҳи корӣ иборат аз намояндагони сохторҳои масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шуд.

Дар ҷараёни боздиди мавзеъҳои номбурда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, тақвият додани корҳои ободониву созандагӣ, иваз намудани шиору овезаҳои куҳнаву фарсудашуда ва дорои ғалатҳои имлов, техникиву маънавӣ, мунтазам тозаву озода нигоҳ доштани роҳҳо дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.