Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Март 23, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Хиёнатпешаро кишвар набахшад

Хиёнатпешаро кишвар набахшад 

Тариқи воситаи ахбори омма ва хабарҳои шабакаҳои интернетӣ дар бораи тазоҳуроти муҳоҷирон дар давлатҳои Аврупо хонда гузаштам. Ин амалҳои нангини онҳо манро ба сухан овард, ки ба онҳо хитоб карда гӯям, ки фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд. Барои маблағи ночиз шуда, нангу номуси ватандории худро нафурӯшанд. Ба давлатҳои орому осуда халал нарасонанд, зиндагии ояндаи хеш ва дигаронро табоҳ насозанд. Номи миллати тоҷикро дар назди дигар миллатҳо паст назананд.
Бо кадом рӯй ба рӯи Ватан-Модар ва хешу ақрабо менигарӣ! Одам як Ватан ва як Модар дорад. Ин амалҳои нангини онҳо рӯзе ҷавоби худро мехоҳанд. Ман амалҳои нангини онҳоро маҳкум менамоям. Бигзор онҳо фикр намоянд, ки «Хиёнатпешаро кишвар набахшад». Аз корҳои нангини худ даст кашанд. Мо бояд доимо шукри Истиқлоият, шукри Ваҳдат, шукри сарсабзии кишвари ободу зебои Тоҷикистони азиз намоем.
Вобаста ба ин аз кулли ҳамватанон, ки дар Германия кору зиндагӣ доранд даъват ба амал меорем, ки ба дасисаҳои навбатии наҳзат дода нашуда, баҳри рӯзгори босаодати хеш кӯшиш намоянд.

Ниёзов Фирӯз, омӯзгори МТМУ №4

Шарҳ диҳед