Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Январь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Роғун ифодараги орзуву ормони хурду бузурги кишвар аст

Роғун ифодараги орзуву ормони хурду бузурги кишвар аст 

7

Боиси ифтихору саодатмандӣ ва ифтихору шарафмандист, ки дар остонаи таҷлили ҷашни фархундаву ҳумоюнӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо мардуми шарифи кишвар боз шоҳиди як рӯйдоди деринаву умедбахш – ифтитоҳи чархи якуми неругоҳи барқи обии Роғун гардидем. Дар ҳақиқат ба ҳар як фарди кишвар маълум аст, ки Пешвои маҳбубу муаззами мо ҳанӯз дар раванди зимоми давлатдории навини миллиро бар дӯш гирифтан ва дар роҳи эъмори давлати соҳибистиқлол баҳодурона қадам гузоштан нахуст таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини кишварро ҳамчун ҳадафи олии давлату Ҳукумати кишвар муқаррар намуданд. Баҳри расидан ба татбиқи муваффақонаи ин ҳадафи олӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои се ҳадафи стратегӣ аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро ҳамчун омили рушди босуботи Тоҷикистони азиз ба миён гузоштанд. Ин аст, ки бо бунёди роҳҳои мошингарду роҳи оҳан, сохтмони бонизоми нақбу пулҳо ва дигар тадбирҳои шоиста дар зарфи 27 соли соҳибистиқлолии Ватан мо тавонистем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегиамон аз қабили раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ шарафёб гардида, Тоҷикистони биҳиштосоро ба як кишвари воҳид аз лиҳози таъмини рафту омади сокинон ва баромадан ба сатҳи ҷаҳонӣ табдил диҳем.

Дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ бо бунёди боғу токзорҳои нав ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ ва таъмини шароити мусоиди фаъолияти деҳқонону кишварзон марҳила ба марҳила дар ин рисолати пешгирифта ноил гардида истодаем.

Яке аз ҳадафҳои дерина ва орзуву ормони ҳар як фарди кишвар, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад, бо бунёди силсилаи неругоҳҳои хурду бузург ва дигар тадбирҳо агар мо ҷиҳати ноил гардидан ба татбиқи ин ҳадафи навбатӣ замина фароҳам оварда бошем, пас бо ба истифода додани чархи аввали неругоҳи барқи обии Роғун, ки ҳамагон шоҳиди бевоситаи он гардидем қадами устувору баҳодурона дар ин самт гузошта шуд.

Воқеан ҳам бунёди неругоҳи барқи обии Роғун ҳамчун андешаи миллии мардуми шарифи кишвар ба порае аз қабли гуҳарбори Президенти маҳбуби мост. Ин аст, ки баҳри расидан ба ин санаи хубу хотирмон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷаҳду талош намуда, ҳамеша рафти корҳои бунёдкориву созандгии ин кохи нурро зери назари хеш қарор доданд. Дар ин қайд кардан ба маврид аст, ки яке аз тадбирҳои муҳим ва қадами устувори бунёди неругоҳи барқи обии Роғунро ҳанӯз 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта, шахсан паси чамбараки булдозер нишаста, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшиданд.

Хушбахтона бо саъю талоши фарзандони баору нанги кишвар ва мутахассисону коршиносон мо тавонистем ба яке аз ормони деринаи халқи шарифи мамлакат ноил гардем. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид ибрози назар мекунанд “расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад”.

Бунёди ин кохи нур, ки омили рушди иҷтимои иқтисодии кишвар, арсаи нангу номус, мояи ифтихор ва сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як фарди кишвар, таъмингари рӯзгори босаодати мардум ва манбаи муборизаи беамон бо зуҳуроти нангини аср аз қабили терроризму ифротгароист бори дигар аз сиёсати бобарору раъиятпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Аз ин корнамоиву ҷоннисорӣ ва ватандориву ватансозии абармарди миллат, фарзанди фарзона ва ҷоннисори Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавонон руҳу илҳоми тоза гирифта, ҳамчун фарзардони як оилаи тифоқ дар атрофи роҳбару раҳнамои худ – Пешвои маҳбубу муаззам ва ғояи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Ватани маҳбуби ҳамаи мост!” муттаҳид гардида, баҳри рушди босуботи кишвар саҳми босазои хешро хоҳем гузошт.

Мамнур Нурзода,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ

ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи

раиси шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед