Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Роғун — боргоҳи нур

Роғун — боргоҳи нур 

Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ рушд ёфта истодааст. Аз ҷумла, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши энергетика оғоз ва амалӣ карда шуданд. Бо мақсади рушди босуботи соҳаи энергетика солҳои охир дар кишварамон дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷиву дохилӣ иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, неругоҳҳои хурди барқӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор ба истифода дода шуданд.

Дар ин самт, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва сари вақт ба истифода супоридани НБО Роғун ҳаётан муҳим буда, ба он масъалаи аввалиндараҷаи пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ вобаста аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки НБО Роғун неругоҳи калонтарин дар дарёи Вахш ба ҳисоб меравад. Он дар Осиёи Марказӣ калонтарин буда, сохтмонаш соли 1976 оғоз гардида буд.

Иқтидори лоиҳавии «НБО Роғун» ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт иборат аст, ки баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,1 млрд. кВт-соат неруи барқ ҳосил кунад. Бояд зикр намуд, ки таҳияи лоиҳа ва сохтмони НБО Роғун дар даврони Шӯравӣ оғоз ёфта, аҳамияти минтақавии он зарур арзёбӣ гардида буд. Истеҳсоли барқи агрегати аввали неругоҳ аз 120 МВт дар навбати якум ва дар навбати дуюми баистифодадиҳии неругоҳ дар маҷмӯъ ба 400 МВт баробар шуда, тавассути ду хати интиқоли барқи 500 кВ ба шабакаи умумии системаи энергетикӣ интиқол дода мешавад.

Иқтидорҳои зикргардида дар навбати аввал ба тақвияти таъмини барқ ба аҳолӣ ва имкониятҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ дар кишвар мусоидат намуда, ҷиҳати афзоиши неруи содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам меоваранд. Қобили зикр аст, ки ҳамрадиф бо сохтмони неругоҳи тақдирсози мазкур амалӣ намудани лоиҳаи бузурги содироти неруи барқ тавассути хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000 аз Ҷумҳурии Қирғизистон — Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҷумҳурии исломии Афғонис-тон то ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Покистон ва минбаъд ба дигар давлатҳои эҳтиёҷдошта дар назар дошта шудааст. Ҳангоме, ки сохтмони номбурда идома меёбад, барои содир намудани қувваи барқи изофагӣ ба мамлакатҳои дуру наздик замина гузошта мешавад.

Дар ин вазъият сохтмони НБО «Роғун» аз ҷиҳати иқтисодӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аҳамияти муҳим дорад. Зеро азхудкунии иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки минтақа бо неруи барқи арзону аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин карда шавад. Дар баробари ин барои пешгирии таъсири манфии ҳодисаҳои фавқулодаи гидрометерологӣ, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, боришоти зиёду омадани сел ва дигар офатҳои табиӣ, ки ҳамасола ба кишварҳои минтақа зарари калони иқтисодӣ меоранд, мусоидат мекунад. Дар чунин шароит, неругоҳ метавонад омили ҳамгироӣ ва рушди иқтисодии кишварҳои минтақа гардад. Муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаи мазкур манфиатҳои бевосита меорад ва ба иштирокчиёни он имкон медиҳад, ки ин неругоҳ ба манфиати умумии минтақа хизмат намояд. Бояд зикр намуд, ки бунёди НБО «Роғун» барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияи пешқадами муосир, тавлиди маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ, фарогирии аҳолӣ бо шуғли доимӣ ва дар маҷмӯъ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии кишвар аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Дар шароити кунунӣ, ки дар натиҷаи буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ рақобат дар бозорҳои ҷаҳон шиддат меёбад, масъалаҳои баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулот дар бозори дохилию хориҷӣ, ҷорӣ намудани равандҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, ташкили хизматрасониҳои логистикӣ, инфрасохторӣ ва нақлиётӣ бештар аз дастрасӣ ба захираҳои арзони энергетикӣ вобастагӣ дорад. Танҳо бо истифода аз неруи арзони энергия мо метавонем арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолӣ, ҳаққи хизматрасониҳои дохилию байналмилалиро паст намоем ва рақобатпазирии иқтисодиро таъмин намоем.

Мутобиқи нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 суръати афзоиши миёнасолонаи ММД 7% ва зиёда аз онро ташкил медиҳад. Бояд зикр намуд, ки сохмони НБО «Роғун» асосан аҳамияти иқтисодӣ дорад, зеро истеҳсол ва фурӯши барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза барои рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, густариши ҳамкории судманди байнидавлатӣ дар самти содироти он ва истифодаи самараноки об мусоидат менамояд.

Ин неругоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,1 млрд. кВт-соат неруи барқ истеҳсол кунад. Бинобар ин, саҳми НБО «Роғун» дар рушди минбаъдаи кишвар назаррас арзёбӣ мегардад. Зеро бо дар назардошти истеҳсоли неруи барқи изофа дар дохили кишвар ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштараки бузурги саноатӣ бо кишварҳои хориҷӣ шароити мусоид фароҳам мегардад. Дар бораи ин иншооти тақдирсоз вақтҳои охир зиёд мегӯянду менависанд, вале эътироф бояд кард, ки аксар муаммоҳои актуалии ин самти муҳим ҳанӯз ҳалли худро дарёфт накардаанд. Муаллифон зимни андешаронӣ оид ба моҳияти ин иншоот ва саҳми меъмори он ба таври бояду шояд комёб нашудаанд, ҳол он ки дар ин бора метавон садҳо достон иншо кард.

Бегуфтугӯ, бунёди НБО-и «Роғун» ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст. Баъд аз мавриди истифода қарор гирифтанаш НБО-и «Роғун» метавонад то 3600 МВт неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар истеҳсол кунад. Ин барои минтақае, ки ба неруи барқ ниёзи шадид дорад, имкони беҳтарини таъмини рушди ҳама соҳаҳо мебошад. Аз ин хотир, коршиносони байналмилалӣ бо ифтихор иброз доштаанд, ки «Лоиҳаи НБО-и «Роғун» сазовори «чароғи сабз», яъне, татбиқи муваффақона мебошад».

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи НБО-и «Роғун» ҳанӯз дар замони давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия шудааст. Нуктаи хеле муҳим ва ҷолиб он аст, ки дар таҳияи ин лоиҳа пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии Ҷумҳурии Ӯзбекистон саҳми босазо доштанд. Агар тасмими Пешвои миллат оид ба бунёди ин иншооти барои кишвари мо тақдирсоз ва роҳи паймударо дар ин самт амиқ таҳлил намоем, боварӣ хосил хоҳем кард, ки ин иқдом далели он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дурустии бунёди неругоҳи фавқуззикр комилан дилпур мебошад. Дар ин раванд Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштанд, ки бо дарназардошти манфиатҳои умумиминтақавӣ, мо хоҳони роҳандозии муносибатҳои барои тарафайн судманд бо ҳамсояҳои худ дар ин масъала ҳастем.

Дар робита ба масъалаи об Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир, борҳо, аз ҷумла, аз минбари иҷлосияҳои 63-юм ва 64-уми Маҷмаи умумии СММ, Саммити Копенгаген оид ба тағйирёбии иқлим ва дигар анҷуманҳои байналмилалӣ изҳори ақида кардаанд. Инсондӯстӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ ба анъанаҳои ҳамсоядорӣ аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҳаддест, ки панҷ сол пеш, зимни ирсоли Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамсояҳои худро бе об нахоҳем гузошт». Корҳои дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин замон амалигардида, аз воқеияти суханони Пешвои миллат дарак медиҳанд. Шоҳиди бевоситаи он будем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибрози нияти холиси худ зиёда аз ҳафт сол пеш ба Бонки Умумиҷаҳонӣ, ки сохтори соҳибваколати Созмони Милали Муттаҳид аст, дар бораи гузаронидани ташхиси техникиву иқтисодии лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» муроҷиат карда буд.

Илова бар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи кишварҳои минтақа муроҷиат ва ба таври расмӣ пешниҳод намуда буд, ки ба Консорсиуми байналмилалӣ оид ба сохтмони ин иншоот ҳамроҳ шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро масъалаи ҳаёту мамоти мамлакатамон арзёбӣ кардаанд. Дар ҳоле ки баъзе кишварҳои минтақа ба шарофати оби аз рӯдхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоришаванда иқтисодиёти худро таҳким бахшида истодаанд, аҳолии Тоҷикистон ҳар сол давоми шаш моҳ азияти бебарқӣ мекашад. Магар дар асри ХХI мавҷудияти ин ҳолатро наметавон чун мушкилоти доғи рӯз арзёбӣ намуд? Дар заминаи талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори худро доир ба эҳёи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», бо дарназардошти масъалаҳои зерин қабул кардааст:

Бинобар зарурати ҳаётии ба таври муътадил таъмин намудани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар бо барқ, ки дар давраи тирамоҳу зимистон дар тӯли даҳсолаи охир ба камбуди шадиди он дучор мегардад ва аз ҳисоби воридот бартараф кардани он бо сабаби мунтазам эҷод шудани монеаҳои сунъӣ ғайриимкон гардидааст. Бинобар вуҷуд надоштани захираҳои нефту газ, инчунин, имкон надоштани интиқоли қувваи барқ аз дигар кишварҳо, бунёди ин неругоҳ, ки қисми зиёди он ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудааст, роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти мавҷуда маҳсуб меёбад. Қобили зикр аст, ки ин лоиҳа ҳам дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳам дар солҳои охир борҳо мавриди ташхиси давлатӣ, инчунин, ташхиси мустақил, қарор гирифтааст, ки хулосаҳои онҳо зарурати иқтисодӣ ва амнияти экологии иншоотро тасдиқ намудаанд. Дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ҳайси пудратчӣ иштирок кардани ширкатҳои Федератсияи Россия ва бисёр ширкатҳои дигари хориҷӣ далели возеҳи вуҷуд надоштани ягон ташвиши ин кишварҳо нисбат ба лоиҳа мебошад.

Таҳқиқоти мазкур, ки аз ҷониби олимони олмонӣ бо фармоиши ҶСШК «Гидропроект»-и шаҳри Тошканд гузаронида шудааст, устувории сарбанди бо сангу шағал ва бо меҳвари сафедхок сохташавандаро ҳамчун иншооти аз ҳама эътимодноктарин ва дарозумр, камхавфтарин ва барои шароити маҳал муносибтарин собит намуданд. Инро истифодаи қариб 45-солаи бомуваффақияти сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак», ки дар масофаи на чандон дур аз Роғун ҷойгир аст, собит месозад. Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2009 Комиссияи байналмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург ба сарбанди 300-метраи Неругоҳи барқи обии «Норак» нишони махсус ва сертификати сифатро ҳамчун «дастоварди олии афкори муҳандисӣ» сазовор дониста буд. Навсозии иншооти мазкур, ки ҳоло идома дорад, имкон медиҳад, ки фаъолияти самарабахши он барои ояндаи дарозмуддат таъмин карда шавад. Табиист, ки ин таҷрибаи нодир бо истифодаи технологияҳои нав дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ истифода хоҳад шуд, ки лоиҳаи сарбанди он барои минтақаи сохтмони эҳтимоли заминҷунбиаш на зиёда аз 9 балл мувофиқ гардонида шудааст. Бояд зикр намуд, ки дар тӯли таърих дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи 10-балла ва дар маҳали сохтмони неругоҳ заминларзаи зиёда аз 6 балл ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамчунин, бояд ба инобат гирифт, ки дар васеъ гардидани майдонҳои кишт ва рушди пахтакорӣ, аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, обанборҳои Тоҷикистон, ки обро захира намуда, дар давраи обёрӣ ба таври муътадил расонидани онро таъмин месозанд, нақши ҳалкунанда бозиданд ва ҳанӯз ҳам мебозанд. Шоистаи зикр аст, ки дар фасли тобистони камоби соли 2000 бо хоҳиши ҳамсоякишвар — Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷониби Тоҷикистон ду маротиба даҳрӯзӣ аз обанбори Норак дар ҳаҷми ҳазор метри мураббаъ дар як сония обро ҷорӣ намуд. Муҳимияти ин иқдом дар он зоҳир мешавад, ки мувофиқи хоҳиши ҳамсояи худ мо огоҳона бар зарари худ, яъне, аз баҳри фоида ва истеҳсоли қувваи барқ дар фасли зимистон гузашта, ба чунин иқдом даст задем.

Вобаста ба тавозуни об бояд зикр намуд, ки тибқи хулосаи асосноки мутахассисон, оби дарёи Вахш, ки неругоҳ дар он сохта мешавад, 28,6 фоизи маҷрои миёнаи солонаи Амударёро ташкил медиҳад ва пур кардани обанбори Роғун аз ҳисоби лимити Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 15 сол сурат хоҳад гирифт. Идоракунии низоми маҷрои Вахш дар доираи механизмҳои мавҷудаи умумиминтақавӣ амалӣ хоҳад гашт. Аз ин рӯ, сохтмони иншоот ба низоми маҷрои об ягон хел таъсир нахоҳад расонид ва ҳаёти одамонро таҳти хатар қарор нахоҳад дод. Гузашта аз ин, бо ибрози ҳусни нияти ҳамсоягии нек, якчанд сол пеш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истифодаи кӯли Сарез барои таъмини доимии аҳолии тамоми минтақа ва дар навбати аввал, ҳамсояи наздиктарини мо — Ӯзбекистон, бо оби тозатарини нӯшокӣ пешниҳод карда буданд. Овардани ин ҳама далелу рақам ба он хотир аст, ки ҳама масъалаҳои экологӣ, тавозуни об ва таҳдидҳои эҳтимолии фоҷиаи техногенӣ зимни бунёди иншооти барои давлати мо муҳиму сарнавиштсоз — Неругоҳи барқи обии «Роғун» пурра ба назар гирифта шудаанд. Табиист, ки дар доираи як матлаб пурра баён намудани моҳият ва рисолати ин кохи нур аз имкон берун аст. Хулоса меъмори ин кохи бегазанди нур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки шоистаи ҳама гуна арҷгузориянд.

 

Мухтор Эгамов,

номзади илмҳои физика ва математика, дотсент

 

Шарҳ диҳед