Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Нафратзадаи халқ ҳастӣ, ту, эй хоини Ватан!

Нафратзадаи халқ ҳастӣ, ту, эй хоини Ватан! 

Мирзои Салимпур — рӯзноманигори нохалафе, ки давлати тинҷу осоиштаи Тоҷикистонро бо суханҳои иғвоангези худ халалдор намуда, бар зидди арзишҳои миллӣ хиёнат мекунад, сазовори лаънату нафрин аст.
Сомонаи Ахбор.ком сомонаи пур аз фитнаю иғво, ифлосию нопокӣ буда, ғаразҳое, ки солҳои 1992 ба сари халқи тоҷик оварда буданд, аз сари нав мехоҳанд бедор намоянд. Мақсади онҳо аз он иборат аст, ки ин шахсони лаин мехоҳанд, боз бо фитнаю дасисаҳои худ оромию осудагии халқи тоҷикро вайрон сохта, мардумро ба нооромию сарсонӣ оварда расонанд.
Онҳо мехоҳанд боз мардумро ба гурезагиву ночорӣ ва хонавайронӣ оварда расонанд, дар ба дар намояд, муҳтоҷу бекас созанд. Омӯзгорони муассиссаи таҳсилоти миёнаи умумии 3 шаҳри Бӯстон дар умум ин кирдори ношоистаи чунин шахсони хиёнаткорро маҳкум намуда, кӯшиш ба он медиҳанд, ки самти тарбияи ватандӯстӣ, ҳуввияти миллиро дар дили хонандагон боз ҳам бедор намуда, шахсони арзандаро ба ҷамъият ба воя расонанд.
Каримова Г.,
директори МТМУ № 3 шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед