Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Пятница, Ноябрь 15, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Изҳороти ҷомеаи омӯзгорони гимназияи 2 шаҳри Бӯстон вобаста ба дасисабозиҳои ТЭТ ҲНИ

Изҳороти ҷомеаи омӯзгорони гимназияи 2 шаҳри Бӯстон вобаста ба дасисабозиҳои ТЭТ ҲНИ 

Чун аз иттилои шабакаҳои иҷтимоӣ андешаи коршиноси умури сиёсии шаҳри Берлин Баҳодур Саидовро таҳти унвони “Чаро наҳзатиҳо тазоҳурот мекунанд? Ё ҳушдоре ба тоҷикони муқими Аврупо” мутолиа намудем, сад лаънат ба он шахсоне, ки пешрафти ҷумҳурии азизамонро дида наметавонанд, фиристодем.
Саволе ба миён меояд, ки чаро шахс хусусияте дорад, ки агар надошта бошӣ, чизе дода наметавонанду агар бошад дида. То кай мо мардуми тоҷик аз оне, ки ба пешрафти давлатамон баногоҳ чашме нарасад, дар хавотирем? Охир Кабириро низ модари тоҷик зодаасту шир додааст ва нафас аз обу ҳавои Тоҷикистон кашидааст.
Мо мардуми тоҷик шарафманд аз онем, ки имрӯзҳо Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ устуворона қадам ниҳода, мардуми шарафманди он дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат муттаҳид гардидааст ва баҳри зиндагии боз ҳам беҳтару саодатмандона пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад ва барои аз байн бурдани падидаҳои номатлуб ҳамқадам мегардад.
Фалсафаи митингбозии наҳзатиҳо аз он иборат аст, ки тӯдаҳои гумроҳро ҷамъ оваранд. Онҳо хато намекунанд, зеро шахси гумроҳ бесавод аст, бесаводӣ надонистани ҳарфу хат нест, бесаводӣ надонистани қадри миллату давлат аст.
Боварии комил дорем, ки шахсоне, ки барои ёфтани ризқу рӯзии хонадон ба куҷое сафар мекунад, ба фикрҳои номатлуби чунин шахсони ифротгаро ҳамроҳ намешавад, зеро имрӯз мавзӯи оила барои ҳама муқаддас аст ва намехоҳад, ки фарзандаш бероҳаву бекора бошад.
Мардуми хирадманду оқили тоҷик ин пешравиҳоро қадр дорад, зеро худ низ барои ободии Ватан саҳмгузор мебошад. Дар куҷо, ки набошад, мавзӯи оила ва муҳити онро гиромӣ медорад. Зеро Лоҳутии бузург фармуда:

Ҳар шаб зи худат бипурс агар ту мардӣ,
К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.

Бо шунидани хабар, аз сомонаҳои ифротӣ, ки гӯиё наҳзатиҳо “Кумитаи ба ном шаҳрвандии ба ном зиндониёни сиёсӣ” таъсис додаву мардумро ба митинг даъват мекунанд нафратамон нисбати ин разилон боз ҳам афзун гардид. Мо ҷомеаи омӯзгорони гимназияи №2 шаҳри Бӯстон рафтори ин нохалафони миллатро маҳкум намуда, намегузорем, ки ин нохалафон теша ба решаи миллат зананд.

Шарҳ диҳед