Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Сентябрь 18, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Баргузории маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бӯстон дар соли 2018

Баргузории маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бӯстон дар соли 2018 

IMG_4742

Имрӯз, 9 январи соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон таҳти раёсати раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бӯстон дар соли 2018 баргузор гардид.
Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бӯстон дар соли 2018 муовини якуми раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода ҳисоботро манзур намуд.
Зикр карда шуд, ки мувофиқи маълумотҳои пешакӣ нақшаи қисми даромади умумии буҷети умумии шаҳр дар соли 2018 ба андозаи 113,2 фоиз иҷро гардида, ба бҷљаи давлат ба маблағи 79 млн. 241 ҳазор сомонӣ маблағҳо ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба маблағи 9 млн. 241 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 10 млн. 331 ҳазор сомонӣ ё худ 115,0 фоиз зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр ба андозаи 112,6 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 20 млн. сомонии ба нақша гирифташуда ба буҷети маҳаллӣ 33 млн. 766 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақшаи тасдиқгардида 3 млн. 766 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.​
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти ҳамаи хизматрасониҳои пулакӣ ба 247 млн. сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,4 млн. сомонӣ зиёд ё худ 137,0 фоизро ташкил дод. Танҳо корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 191,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 57,4 млн. зиёд ё худ 142,9 фоизро дарбар гирифтааст.
шумораи кормандони соҳаи саноат дар 11 моҳи соли 2018 — 2987 нафарро ташкил дода, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1549 зиёд ё худ 207,7 фоизро дарбар гирифтааст. Музди маоши миёнаи кормандони соҳаи саноат мувофиқи маълумоти омори шаҳр дар 11 моҳи соли 2018 — 1906 сомониро ташкил дода, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1077 сомонӣ афзуд ё худ 2,3 маротиба зиёд мебошад.
Баъдан раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода аз масъулини шуъбаи рушди иқтисод ва савдо, Раёсати молия, нозироти андоз, шуъбаи маориф, бахшҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбарияти Ҷамоати шаҳраки Палос ва дигар масъулон пурсиш ба амал овард.
Дар кори маҷлиси фаъолон сардори шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд Муқаддама Ҳошимзода ширкат ва андешаронӣ намуда, баҳри вусъати фаъолият ба масъулин тавсияву маслиҳатҳо дод.
Дар интиҳо раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода баҳри вусъати фаъолият, татбиқи муваффақонаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ диҳед