12 августи соли равон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнии шаҳр бо иштироки муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон — Хусравшоҳ Исмоилзода барномаи фарҳангии Шоми ҷавонӣ таҳти унвони «Мо, ҷавонони Ватан созандаем!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон ташкил ва баргузор гардид.
Нахуст муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода номаи табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавононро ба самъи иштирокчиён расонида, аз дастгирии давлатии ҷавонон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт.
Дар чорабинии мазкур ба як қатор муассисаҳое, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон моҳи май соли равон дар шаҳр бахшида ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатии шоми ҷавонӣ фаъолона иштирок намуда, барномаҳои консертии худро пешкаши тамошобинон гардониданд, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҷавонон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ба иштирокчиёни фаъоли чорабинии мазкур сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Барномаи рангини аҳли фарҳанг ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид.


























