Дирӯз дар мактаби санъати ба номи Шодмон Алифови шаҳри Бӯстон 229-умин нишасти маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо иштироки аҳли адабу фарҳанг ва сокинони шаҳр бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид. Дар оғоз меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунари мактаби санъат дидан намуданд ва ба истиқболи онҳо шогирдони ҳунарвари ин даргоҳ суруду оҳангҳои дилнавоз эҳдо кардандМаҳфилро роҳбари он адабиётшинос Саидумрон Саидов бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, ҳозиронро хайрамақдам гуфт.
Сипас, Раиси шаҳри Бӯстон, Фирӯза Нуруллозода бо суханронии худ таҳти унвони “Бӯстон – шаҳри фарҳангу адаб” баромад намуда, ба нақши муҳими адабиёт ва фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа ишора намуд. Ӯ гуфт ки дар партави супоришу дастури Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр корҳои ободонӣ вусъат дорад. Ҳамзамон Раиси шаҳр ҳозиринро бо Рӯзи шаҳри Бӯстон муборакбод кард.
Шоири халқии Тоҷикистон устод Фарзона дар суханронии худ аз фалсафаи зиндагии ростин ҳарф зад ва чанд шеъри нави хешро ба ҳозирин тақдим намуд. Нуралӣ Нурзод, доктори илмҳои филология, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон ва шинохти “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар даврони Истиқлол” маърӯзаи пурмазмун ва таҳлилӣ ироа намуд, ки мавриди таваҷҷуҳи амиқи ҳозирон қарор гирифт. Ҳамзамон доктори илмҳои филологӣ Матлуба Мирзоюнус дар мавзӯи “Шӯҳрати ҷаҳонии Ҳаким Фирдавсӣ” сӯҳбати илмӣ намуд.
Қисмати адабӣ бо намоиши “Булбулакони боғи дониши Бӯстон” аз ҷониби иштирокчиёни озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” аз шаҳри Бӯстон идома ёфт, ки бо иҷрои дилпазири худ маҳфилро рангин намуданд.
Дар бахши “Минбари шеър” шоир Баҳром Раҳматзод аз эҷидиёти худ ва шоир Осими Оқил аз ашъори устод Фарзона шеърҳои ноб қироат намуданд Барномаи фарҳангӣ бо баромади ҳунармандони шинохта Насиба Амонбоева, Давлатманд Қутбидинов, Абдураҳмон Сатторов ва хонандагони Мактаби санъати ба номи Шодмон Алифов идома ёфт, ки бо садои дилнишин ва ҳунари волои худ базмро шукӯҳ бахшиданд.
Дар поёни нишасти 229-умини маҳфили “Ганҷи сухан” ба иштирокчиёни фаъол ва меҳмонони гиромӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Бӯстон ҳадяҳои хотиравӣ супорида шуд.
Нишасти мазкур дар фазои дӯстӣ ва муҳаббат баргузор гардид.




























