ТАВАҶҶУҲ БА ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ВА ТАҲКИМУ ТАҚВИЯТИ ХУДШИНОСУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ! – баргузории вохӯрӣ бо усули “маҳалла ба маҳалла” дар маҳаллаи “Сомониён” – и шаҳри Бӯстон

Бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” баҳри тақвияти корҳои мунтазами таблиғотӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, тибқи нақшаи чорабинҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо усули “маҳалла ба маҳалла” бо иштироки муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ, мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросими шаҳр Муҳаммадалӣ Фозилов, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр Ҷовидон Каримов ва раиси Шӯрои мутобиқгардонии фаъолияти кумитаи маҳаллаҳои шаҳр Абдурауф Ашӯров бо ҷалби сокинони маҳаллаи “Сомониён” мулоқоти судманд анҷом дода шуд.
Зимни баргузории мулоқот вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гуруҳҳои ғайриқонунӣ, ба дарки мардум расонидани моҳияти терроризму экстремизм, бахусус хусусияти динидошта, ба аҳолӣ фаҳмонидани амалҳое, ки ҷиноятҳои махсусан вазнин ҳисоб мешаванд, огоҳонидани мардум, алалхусус ҷавонон аз макру найранг ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористиву экстремистӣ, истифодаи дурусти телефон ва шабакаҳои ичтимоӣ ва зери назорати волидон қарор додани истифодабарандагони ҷавон, эҳсоси масъулият доштан дар раванди ҳифзи амнияти кишвар, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ ва дигар масъалаҳои мубрам маърӯзаҳо ироа карда шуд.
Дар идома байни маърӯзачиён ва сокинон суҳбати озод сурат гирифт.