ЭЪЛОН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба маълумоти сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳри Бӯстон, санаи 4 марти соли 2026 дар зеристгоҳи барқии “Юмгон”-110/35/6кВ» ва дастгоҳи тақсимотии 6кВ-и зеристгоҳи трансформатории №14 корҳои таъмиру барқарорсозӣ гузаронида мешаванд.
Вобаста ба ин, бо мақсади таъмини бехатарии кормандон ва иҷрои босифати корҳои таъмирӣ, интиқоли қувваи барқ муваққатан аз соати 09:00 то 15:00 дар кӯчаҳои А.И. Сино, Зебунисо, К. Абдулов, С. Муҳаммад, Н. Аҳмедов, Р. Обод, Раҳим Чалил, Б. Раҳимзода, Д. Зокиров, К. Хуҷандӣ, П. Ҳамза, М. Масаидов, Темурмалик, А. Дониш, 25-солагии Истиқлолият, Зардушт, И. Сомонӣ, Ф. Акбар, Ф. Ниёзӣ, инчунин як қисми бозорҳои шафати шоҳроҳи Хуҷанд–Ғафуров қатъ мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон аз сокинон ва меҳмонон хоҳиш менамояд, ки дар ин давра бо дарки масъулият муносибат намуда, аз истифодаи таҷҳизоти барқӣ боэҳтиёт кор бигиранд. Итминон дода мешавад, ки корҳои таъмирӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин анҷом дода мешаванд.