ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ! — дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни мазкур доир гардид

13 май дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2023, №АП-330, қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 марти соли 2023, №89 ва қарори раиси шаҳри Бӯстон аз 26 апрели соли 2023 “Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии ин озмун доир гардид.Қисми расмии озмун бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода оғоз ёфт. Номбурда аз номи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ кулли ғолибони даври аввали озмунро барои иштирок дар даври шаҳрӣ таҳният гуфта, барояшон бурдбориву комёбӣ таманно намуд. Гуфта шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, ташаккули нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллии фарҳангӣ, инкишофи қобилияти зеҳнӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, заҳираи луғавӣ, тақвияти маънавии аҳолии шаҳр таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардида, ба рушди илму маърифат дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.Сипас, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Фаррух ва директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Соҳибназаров Зикриддин оид ба дастгирии давлатии аҳли илму маърифат, фароҳам намудани шароити мусоиди рушди бемайлони соҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, бори дигар оид ба марҳилаҳои баргузории озмун ёдовар шуданд. Дар идома мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон Зубайдуллозода Ибодулло ҳайати ҳакамон ва макони баргузории озмунро тибқи номинатсияҳо ба иштирокдорон муаррифӣ кард.Баъдан зери роҳбарии ҳакамони ботаҷриба, устодони соҳибунвон профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ӯлмасзода Замира, дотсенти Донишкадаи кӯҳию металлургии Точикистон, ғолиби даври ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Осими Оқил, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон Зубайдуллозода Ибодулло, директори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон Замира Рустамзода ва дигарон аз рӯйи номинатсияҳо озмун ҷараён гирифт.Ёдовар мешавем, ки дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҳамаи номинатсияҳо зиёда аз 152 нафар фаъолона иштирок намуданд.Аъзоёни ҳакамон ба маҳорату малака ва истеъдоди суханварии довталабон ба таври шаффоф баҳогузорӣ намуданд.Ба ғолибон барои ширкат дар даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат дода шуда, онҳо бо дипломҳои дараҷавӣ ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *