ШАҲРИ АЗИЗАМОНРО ДАР ЯКҶОЯГӢ ОБОДУ ЗЕБОТАР МЕГАРДОНЕМ!

Субҳи имрӯз, 13 май тибқи дастури раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ дар назди кӯли шаҳрӣ воқеъ дар кӯчаи Ҷавонӣ бо иштироки васеи сокинони касбу кори гуногун, покизакорони Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ, сокинони маҳаллаҳои шаҳр ва фаъолон шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид. Ин ибтикор бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашнҳои дар пешистода сурат гирифт. Тасмим гирифта шудааст, ки бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр ҳар ҳафта дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ доир карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *