Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон
1. Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 5496,9 сомонӣ;
2. Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2735,52 сомонӣ;
3. Сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2735,52 сомонӣ;
4. Мутахассиси пешбари бахши сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2235,52 сомонӣ.
Ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон
1. Котиби Ҷамоати шаҳраки Палос — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 3343,32 сомонӣ;
2. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати шаҳраки Палос — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2485,32 сомонӣ;
3. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Палос — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2034,96 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақомот;
– варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
– шарҳи ҳол;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи диплом;
– 4 дона расми 3 × 4 ва 2 дона расми 4 × 6;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
– нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
– маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 У);
– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
– маълумотнома (справка-объективка).
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби роҳбари дастгоҳ:
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 7 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Бӯстон, кӯчаи Опланчук 2а, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, ошёнаи 1, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр.
Телефон: 8-(34-51) 5-18-22, 5-11-77.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун мебошад.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
САВОЛНОМАИ ОЗМУНИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва бо кадом роҳ қабул шудааст?
6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ.
2. Кай ва бо кадом роҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд?
Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
3. Моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
4. Қонун дар бораи танзими расму оинҳо кай қабул карда шудааст ва аз чанд бобу модда иборат аст?
8 июни соли 2007 қабул гардида, аз 5 боб ва 16 модда иборат аст.
5. Моддаи 100-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро тағйирнопазир эълон кардааст, чӣ маъно дорад?
Ба моддаҳои 99-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид кардан мумкин аст, ба истиснои моддаи 100, зеро шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазир эълон шудаанд.
6. Мақоми қонунгузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом аст?
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ду палата — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
7. Маҷлиси намояндагон аз чанд нафар иборат буда, чанд нафари онҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб карда мешаванд?
Аз 63 нафар иборат аст. Аз ин шумора 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 нафари дигар аз рӯйи рӯйхатҳои ҳизбӣ интихоб карда мешаванд.
8. Се рукни асосии ҳокимияти давлатиро номбар кунед.
Ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ.
9. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудааст?
7 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудааст:
1. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;
2. Ҳизби Демократии Тоҷикистон;
3. Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон;
4. Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон;
5. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон;
6. Ҳизби Аграрии Тоҷикистон;
7. Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон.
10. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӣ навиштааст ва муаллифи оҳанги он кист?
Муаллифи матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва муаллифи оҳанги он Сулаймон Юдаков мебошанд.
11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» кай аз нав қабул карда шудааст ва он аз чанд бобу модда иборат аст?
5 марти соли 2007, таҳти № 233 қабул карда шуда, аз 5 боб ва 45 модда иборат аст.
12. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии давлатӣ чӣ гуна аст?
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ягона (унитарӣ) мебошад.
13. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай эълон карда шудааст?
9 сентябри соли 1991.
14. Таъминоти иҷтимоии хизматчии давлатӣ чӣ гуна аст?
Мувофиқи тартиби муқарраргардида:
1. Аз фонди давлатӣ манзили истиқоматӣ дода мешавад.
2. Барои беҳтар кардани шароити манзил, сохтмони манзили шахсӣ ё кооперативӣ қитъаи замин ҷудо карда мешавад. Барои харидан ё сохтмони манзил ба муҳлати то 20 сол қарзи бефоиз дода мешавад.
3. Ба хизматчии давлатии сиёсӣ ва хизматчии давлатии маъмурии категорияи олӣ илова ба майдони истиқоматӣ 20 метри мураббаъ барои ҳуҷраи корӣ дода мешавад.
4. Дар сурати доштани на камтар аз 15 соли собиқаи бефосилаи хизмати давлатӣ, манзили давлатии ишғолкардааш ройгон ба моликияти ӯ дода мешавад.
15. Салоҳиятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.
Мутобиқи боби 4, моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои беш аз 29 салоҳият мебошад.
16. Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кадом аст?
Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳия.
17. Намудҳои низоми хизмати давлатиро номбар кунед.
Хизмати давлатии шаҳрвандӣ, хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатии ҳарбӣ.
18. Принсипҳои асосии хизмати давлатиро номбар кунед.
Волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; ягонагии низоми хизмати давлатӣ; садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон; инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ; хусусияти дунявӣ доштан; ғайриҳизбӣ будан; шаффофият дар хизмати давлатӣ; касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ; ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ; устувории ҳайати шахсии хизмати давлатӣ; пешрафти мансабии хизматчии давлатӣ; баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ.
19. Тартиби қабул ба хизмати давлатиро шарҳ диҳед.
Қабул ба хизмати давлатӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар асоси озмун, пешниҳоди аризаи шахсӣ, ҳуҷҷатҳои зарурӣ, маълумот аз мақомоти дахлдор, маълумотномаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.
20. Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаи аввал дар давлатдории муосир кай ба вуқӯъ пайваст?
16 апрели соли 2002.
21. Ҳолатҳоеро номбар кунед, ки ба хизмати давлатӣ қабул намудани шаҳрванд ва дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатиро истисно мекунанд.
Саркашӣ кардан аз иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, фош намудани сирри давлатӣ, доштани шаҳрвандии ду ё зиёда давлат, мавҷудияти бемориҳое, ки тибқи қонунгузорӣ барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ монеа мешаванд, инчунин доштани доғи судӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.
22. Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатиро номбар кунед.
Сарзаниш, танбеҳ, то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи тахассусии навбатӣ, паст кардан дар мансаб ва аз мансаб озод кардан.
23. Тартиби дохил шудан ба хизмати давлатӣ ва асосҳои қатъ шудани муносибатҳои меҳнатиро дар хизмати давлатӣ номбар кунед. Асосҳои истеъфои хизматчии давлатӣ кадомҳоянд?
Дохил шудан ба хизмати давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, аз ҷумла тавассути озмун, амалӣ карда мешавад. Қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатӣ дар асоси қонунҳои амалкунанда ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Асосҳои қатъ гардидани муносибатҳои хизматӣ метавонанд истеъфои хизматчии давлатӣ, расидан ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан, қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунандаи суд ва риоя накардани талаботи қонунгузорӣ бошанд.
24. Қоидаҳои рафтори одоби хизматчии давлатиро номбар кунед.
Хизматчии давлатӣ бояд дар фаъолияти худ донишу малакаи касбиашро баланд бардорад, забони давлатиро донад, беғаразона фаъолият намояд, шаъну шарафи хизматчии давлатиро доғдор насозад, дар муошират бо шаҳрвандон ва ҳамкорон хушмуомила бошад, ба шахсони алоҳида ё ташкилотҳо бартарият надиҳад ва аз гирифтани пора худдорӣ намояд.
25. Ҳайати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон аз чанд нафар иборат аст?
Аз 30 нафар иборат мебошад.
26. Синни ниҳоии будан дар хизмати давлатӣ чанд аст?
Барои занон — аз 58-солагӣ ва барои мардон — аз 63-солагӣ.
27. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Низомномаи тартиби ба хизматчиёни давлатӣ додани рутбаҳои тахассусӣ, Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, Низомномаи тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмати давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мазкур.
28. Кадом қонунҳои соҳавиро медонед? Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нисбат ба кадом шахсон татбиқ мегардад?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» нисбат ба шахсоне татбиқ мегардад, ки тибқи қонунгузорӣ хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Ба гурӯҳи шахсони дар матни аслӣ зикршуда инҳо дохил карда шудаанд:
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Раис, муовинони раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ҳарбӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
4. Кормандони муассисаҳои илмӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ ва институтҳои лоиҳакашӣ;
5. Кормандони муассисаҳои хизматрасонӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, тиббӣ ва табобатию солимгардонӣ;
6. Кормандони иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва хоҷагиҳои давлатӣ;
7. Ҳайати техникӣ ва хизматрасонии мақомоти давлатӣ;
8. Кормандони дигар сохторҳои давлатӣ, ки дар қисми якуми моддаи дахлдори қонуни мазкур номбар шудаанд.
29. Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатиро кӣ муайян менамояд?
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
30. Маҳдудиятҳои вобаста ба хизмати давлатиро номбар кунед.
– Бе иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани мукофот, унвонҳои фахрӣ ва махсуси давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
– ҳангоми иҷрои ваколатҳои мансабӣ истифода бурдан аз хизматрасониҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ;
– иштирок намудан дар амалҳои манъшуда, аз ҷумла корпартоиҳо;
– вайрон намудани дигар маҳдудиятҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
32. Мафҳуми «давлати иҷтимоӣ»-ро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед.
33. Мафҳуми «давлати ягона»-ро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед.
34. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо)-ро оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм номбар кунед.
35. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии вобаста ба муқовимат ба терроризм ва экстремизмро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар кунед.
36. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба зидди терроризм» маълумот диҳед.
37. Мафҳумҳои «терроризм» ва «амали террористӣ»-ро шарҳ диҳед.
38. Субъектҳои бевоситаи муборизабаранда бар зидди терроризмро номбар намуда, доираи ваколатҳои онҳоро дар ин самт шарҳ диҳед.
39. Субъектҳои иштироккунанда дар мубориза бар зидди терроризмро номбар намуда, ваколатҳои онҳоро дар ин самт шарҳ диҳед.
40. Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 маълумот диҳед.





