1 октябри соли 2026 дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маросими тантанавии гусели ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, наваскарони ихтиёрӣ ва волидони онҳо, раисони маҳаллаҳо, собиқадорон, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, фаъолон ва ҷавонони шаҳр иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, фазои ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро фаро гирифт.
Нахуст, Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода зимни суханронӣ ҳамаи ҳозирин, бахусус ҷавонони ихтиёрӣ ва падару модарони онҳоро ба муносибати Рӯзи даъватшаванда табрик намуда, хизмати содиқона ба Ватанро қарзи муқаддаси ҳар як ҷавон арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ мактаби шуҷоат, мардонагӣ ва садоқат буда, ҷавононро ба рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ, собиқадори меҳнат сарбози қаторӣ, инчунин наваскари ихтиёрӣ ва модари яке аз даъватшавандагон суханронӣ намуда, ҷавононро ба садоқат, ҳифзи марзу буми кишвар ва адои бошарафонаи хизмат ҳидоят карданд.
Ҳамзамон, дар фазои тантанавӣ ба зиёда аз 20 нафар ҷавононе, ки курси омӯзишии ронандагиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардидаанд, шаҳодатномаҳо аз ҷониби роҳбарияти шаҳр супорида шуданд.
Барномаи фарҳангиву фароғатии омоданамудаи бахши фарҳанги шаҳр ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшида, руҳияи иштирокдоронро боз ҳам болидатар гардонд.
Гусели тантанавии ҷавонон бори дигар собит сохт, ки насли ҷавони кишвар бо ҳисси баланди масъулият, муҳаббат ба Ватан ва омодагӣ барои ҳифзи марзу буми он камол ёфта истодааст.





