БӮСТОН: НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100 ФОИЗ ИҶРО ШУД

Бо мақсади амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, таҳти рақами 1221 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати
ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва қарори дахлдори раиси вилояти Суғд як қатор тадбирҳо роҳандозӣ карда шуд.
Маҳз самараи фаъолияти шоистаи масъулини ситоди шаҳрӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, раисони маҳаллаҳо ва дарки падару модарон буд, ки дар бораи шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввали даъват 100 фоиз иҷро гардид. Фарзандони далеру шуҷои шаҳр бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ рафта, нишон доданд, ки барои ҳифзи Ватан омодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон барои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба падару модарони азиз ва фарзандони ҷоннисору ватандӯст изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, барояшон хизмати хубу бобарор таманно дорем!