Бо мақсади татбиқи пайгиронаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон санаи 29 сентябри соли 2026 мулоқот бо усули «мактаб ба мактаб» дар толори Литсейи №1-и шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур муовини раиси шаҳр Шаҳноза Каримӣ, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Рашид Акрамзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Хусравшоҳ Исмоилзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Фарзона Ҳофиззода ва сардори гурӯҳи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Иноятулло Бобоназарзода иштирок намуда, бо омӯзгорон, хонандагони синфҳои болоӣ ва волидайн мулоқоти судманд анҷом доданд.
Зимни баромадҳо масъулин ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии зуҳуроти номатлуб дар миёни наврасону ҷавонон, мубориза бо тамоюлҳои ифротгароӣ ва бегонапарастӣ, роҳ надодан ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, инчунин таҳкими масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд.
Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, истифодаи оқилона ва бехатари шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва фарҳанги солимгардонӣ миёни аҳолӣ ибрози назар карда шуд.





