ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК!

25 сентябри соли 2026, дар тарабхонаи «Сайҳун»-и шаҳри Хуҷанд маросими ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибони озмунҳои вилоятии «Беҳтарин ҳамсар», «Беҳтарин хушдоман», «Фарзанди хуб — боғи падару модар», «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Беҳтарин хизматчии давлатӣ дар байни занон» баргузор гардид. Дар озмунҳои мазкур намояндагони шаҳри Бӯстон иштироки фаъолона намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Аз ҷумла, сармутахассиси бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Тоҷибоева Замира дар озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ дар байни занон» сазовори ҷойи якум гардид. Ҳамчунин, Умарова Нозанин дар озмуни «Фарзанди хуб — боғи падару модар» мақоми якум ба даст овард. Дигар иштирокчиёни озмун аз шаҳри Бӯстон барои иштироки фаъолона бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба ғолибон ин дастовардҳои арзандаро таҳният гуфта, барояшон бурдбориву муваффақиятҳои беназир таманно дорад.