ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва кулли сокинон ххабари даргузашти фоҷиавии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инсони ватандӯст ва соҳибфазилат Мирзонабот Алишер Худойбердиро, ки бар асари ҳодисаи нақлиётӣ ба амал омадааст, бо андӯҳи гарон дарёфтем.
Ба наздикону пайвандон ва ба ҷигарбандонашон сабри ҷамил хоҳонем.
Мирзонабот Алишер Худойбердӣ ҳамчун роҳбари ватандӯст дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас гузоштааст.
Номбурда ҳамзамон муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки вазифаҳои хизматии хешро ҳамеша бо садоқат, бошарафона ва бо масъулияти баланд иҷро мекард.
Бори дигар, ба аҳли оила, наздикон, инчунин ба кулли мардуми сарбаланду ватандӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз номи сокинони шаҳри Бӯстон изҳори таслият менамоем.
Корнамоии шоиста ва ёди неки Мирзонабот Алишер Худойбердӣ дар дили ҳар яки мо абадӣ хоҳад монд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон