Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар маҳаллаи “Дӯстӣ” – и шаҳри Бӯстон тантанаҳои идона доир гардид.
Дар тантанаҳои идона аъзои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд Аминҷон Шарифзода, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Норҷона Давлатова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Хусравшоҳ Исмоилзода ва раиси Шӯрои мутобиқгардонии маҳаллаҳои шаҳр Абдурауф Ашӯров ва дигар масъулин ширкат намуданд.
Нахуст ҳайати меҳмонон аз гӯшаи бозиҳои варзишӣ, таомҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.
Нахуст аъзои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд Аминҷон Шарифзода паёми табрикии раиси вилояти Суғд, раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба ифтихори Наврӯзи байналмилалиро ба самъи сокинон расонид.
Паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозодаро ба ифтихори ин ҷашни бошукуҳи миллӣ муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода пешниҳод кард.
Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ суханронӣ намуда, сокинонро ба ифтихори ҷашни Наврӯз таҳният гуфт.
Ба як қатор пешсафони маҳалла барои саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии идонаи Наврӯзӣ, омода кардани таомҳои миллӣ ва дигар тадбирҳо сипосномаву туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки тантанаҳои идонаи Наврӯз дар дигар маҳалла ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бӯстон дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, ки аз ҷониби раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода тасдиқ гардидааст бомаром идома дорад.





