Дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон чорабинии идона бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо намоиши анъанаҳои наврӯзӣ ва савту навои идона бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Манзура Юнусӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Зоирӣ Ғафурҷон ва омӯзгорону хонандагони муассиса иштирок намуданд.
Нахуст роҳбарияти Раёсати маорифи вилояти Суғд Мирзозода Гулсара Сайфиддин суханронӣ намуда иброз дошт, ки Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, рамзи эҳёи табиат, покизагӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати мардум мебошад. Таъкид гардид, ки воқеан дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Наврӯз аз нав эҳё гардида, ҷойгоҳи арзишманд ва мақоми волоро касб кардааст.
Баъдан муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода суханронӣ намуда зикр дошт, ки дар таърихи ҳар халқияту миллат ҷашнҳои қадимию аҷдодӣ ҳамчун рамзи ҳувият, эҳёи табиат ва умеди ояндаи равшан ҷойгоҳи махсус доранд. Барои мардуми тоҷик яке аз чунин ҷашнҳои муқаддас ва оламафрӯз Наврӯз аст.
Наврӯз ҷашни зиндагисозест, ки ҳазорсолаҳо пеш пайдо шуда, то имрӯз ҳамчун рамзи навшавии табиат, покӣ ва ҳамбастагӣ боқӣ мондааст. Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз на танҳо ҷашн, балки фалсафаи зиндагӣ, ҳамбастагӣ бо табиат, дӯстӣ, адолат ва умед ба оянда аст.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон суханронӣ намуда таъкид дошт, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ба муҳимтарин ҷашни давлатамон табдил ёфт ва имрӯз бо шукуҳу шаҳомати беназир таҷлил карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун “Пешвои Наврӯз” шинохтаанд. Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ беандоза буда, бо саъю талоши пайвастаашон Наврӯз ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Наврӯз ҷашни мардумӣ ва табиӣ буда, ба ҳеҷ дину мазҳаб алоқаманд нест, балки бо ҳаёти инсон ва табиат робитаи ногусастанӣ дорад. Дар паёмҳои шодбошии ҳарсола Пешвои миллат ба ҷойгоҳу манзалати ҷашни Наврӯз ва рисолати таърихии он баҳои баланд медиҳанд.
Директори муассиса Рустамзода Замира Темурмалик баромад намуда, ҳамаи меҳмононро ба маъвои маърифат хайрамақдам гуфт.
Баъдан бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби роҳбарияти Раёсати маорифи вилояти Суғд директори муассиса Рустамзода Замира Темурмалик, муовини директор оид ба тарбия Ҷумабой Исомитдинов ва як қатор кормандону хонандагони муассиса бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам аз ҷониби маъмурияти муассиса зиёда аз 10 нафар омӯзгорони муассиса бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ хонандагони муассиса бо барномаи рангини фарҳангӣ ҳунару истеъдоди худро намоиш дода, сурудҳои наврӯзӣ, рақсу саҳначаҳои ҷолиб ва расму ойинҳои қадимаи наврӯзиро пешкаши ҳозирин гардониданд.





