13 марти соли 2026 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалигардонии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи замин, сарфаю сариштакорӣ, танзими расму оин ва назорати нархи маҳсулоти ниёзи аввал, дар маҳаллаи “Ғалаба” бо сокинон вохӯриву мулоқот баргузор гардид.
Дар кори мулоқот муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Норҷона Давлатова, мудири бахши дин, танзими ҷашну маросим Муҳаммадалӣ Фозилов ва муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр Муҳаммадалӣ Бобоев ширкат намуда, вобаста ба мавзӯи баррасишаванда андешаҳои худро иброз доштанд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои кишоварзӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати озуқаворӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбанд.
Ҳамзамон зарурати истифодаи дурусти ҳар ваҷаб замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, риояи талаботи агротехникӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи соҳаи кишоварзӣ таъкид карда шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба сарфаю сариштакорӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии исрофкорӣ ва инчунин назорати нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қайд карда шуд, ки таъмини суботи нархҳо ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти ниёзи аввал яке аз масъалаҳои муҳим буда, дар ин самт ҳамкории муназзами сохторҳои марбута аҳамияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати иҷрои босамари дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар самти сарфаю сариштакорӣ ва танзими расму оин пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.





