ТАБРИКОТИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кормандони ин ниҳоди давлатиро таҳният гуфтанд.
Нахуст роҳбари шаҳр аз дастгирии давлатии мақомоти прокуратура зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид.
Гуфта шуд, ки ба таъбири ҳикматбори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст».
Мусаллам аст, ки кормандони ин мақомоти ҳуқуқ дар раванди босуботи ҷомеаи кишвар собитқадамона кору пайкор намуда, волоияти қонунро назорат мекунад ва дар мизони қонун ҳуқуқвайроншавиҳоро танзим менамояд.
Сипас ба кормандони мақомоти прокуратура туҳфаҳои хотиравӣ ва паёми табрикӣ тақдим карда шуд.
Прокурори шаҳри Бӯстон ҳуқуқшиноси дараҷаи як Ҳоҷизода Толибҷон Искандар аз дастгирии давлатии мақомоти прокуратура ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.