РЎЗҲОИ ИСТИРОҲАТӢ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Имсол тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2025, №676, рӯзи 14 март, ки ба рӯзи шанбеи ҳафта рост меояд, рӯзи корӣ эълон шуда, рӯзи ҷумъа – 27 март истироҳатӣ ҳисобида мешавад.
Тибқи маълумоти Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки Иди саиди Фитр рӯзи 20-уми март муқаррар гардидааст.
Аз ин лиҳоз сокинони кишвар аз 20 то 29-уми март истироҳат намуда, аз рӯзи 30-юми март ба кор оғоз менамоянд.
Дар маҷмўъ дар арафаи ҷашни Наврӯз барои кормандони реҷаи 5 рўзаи корӣ 10 рўзи истироҳатӣ муайян гардидааст.