Дар Маркази таҳсилоти иловагии Ҷамоати шаҳраки Палос вобаста шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 16 декабри соли 2025, пешгирии коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ бо иштироки аҳли ҷамоатчигии ҷамоат баргузор гардид.
Дар кори мулоқот муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд лейтенанти адлия Олимзода Ҷаҳонгир Толиб ва раиси Ҷамоати шаҳраки Палос Ҳабиба Қобилова ширкат намуданд.
Зимни баромадҳо паёми Пешвои муаззами миллат шарҳу тавзеҳ дода шуда, доир ба масъалаи мубрами рӯз аз қабили пешгирии коррупсия, муқовимат ба терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор андешаронӣ карда шуда, моҳият ва мазмуни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи забони давлатӣ”, “Барномаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дигар барномаҳои давлатӣ, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, инчунин ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ, пос доштани ҳифзи марзу буми кишвар, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ифротгаро, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ (барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ пешбинӣ карда шудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ), сарфакорона истифода бурдани оби нӯшокӣ, захиракунии маҳсулоти хӯрока ва риояи анъанаҳои миллӣ зимни пӯшидани сару либос фаҳмонида дода шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба сарфаю сариштакорӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии исрофкорӣ ва инчунин назорати нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд карда шуд, ки таъмини суботи нархҳо ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти ниёзи аввал яке аз масъалаҳои муҳим буда, дар ин самт ҳамкории муназзами сохторҳои марбута аҳамияти муҳим дорад.
Аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки ба коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ муборизаи дастаҷамъонаро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати иҷрои босамари дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар самти сарфаю сариштакорӣ ва танзими расму оин пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.





