Ба диққати сокинону меҳмонони шаҳри Бӯстон расонида мешавад, ки бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва беҳтар намудани ҳолати санитарӣ, тозаву озодагии муҳити зист ва зебогардонии ҳудуди шаҳр, 14 март дар ҳудуди шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида мешавад.
Ин тадбир бо мақсади амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, таҳти рақами 374 “Дар бораи барномаи кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” сурат мегирад.
Аз тамоми сокинону меҳмонони азизи шаҳр ва масъулин даъват ба амал меорем, ки дар тадбирҳои ободонии шаҳри азизамон ҳиссаи арзишманд гузошта, дар шинонидани гулу дарахтон фаъолона ширкат намоем!
МУҲОФИЗАТИ ТАБИАТ – МУҲОФИЗАТИ ВАТАН АСТ!





