Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯрои вилоятии
Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар филиали Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ” ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-уми шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳайати таблиғотӣ таҳти унвони “Касбу ҳунар ва илму дониш – омили саодатмандии ҳар инсон” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Норҷона Давлатова ва намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Темирова Хайринисо ва Юнусзода Сайёд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки касбу ҳунаромӯзӣ, аз худ намудани илму дониш ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа ба шумор рафта, заминаи асосии таъмини зиндагии шоиста ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватан мебошад.
Иштирокдорон оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуб, тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон, ҷавонону омӯзгорон барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии шаҳри Бӯстон ҳидоят гардида, ба онҳо ҷиҳати интихоби дурусти касб ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамшуда тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.





