БЕҲТАРИН ВАСИЛАИ МУАРРИФИИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ БА БАР КАРДАНИ ОН МЕБОШАД! баргузории аксияи «Тоҷикона мепӯшем» дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Ҷиҳати эҳёи арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон аксияи фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки фаъолонаи занони барӯманд, донишҷӯён ва омӯзгорон дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ доир шуда, ҳадафи он тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳтиром ба фарҳанги пурғановати тоҷикон ва муаррифии ҳунари волои мардумӣ арзёбӣ гардид.
Иштирокчиён бо либосҳои миллӣ — атласу адрас, чакан ва дигар намунаҳои зебои ҳунари суннатӣ ҳозир гардида, бо завқи баланд ва эҳсоси ифтихор аз фарҳанги миллӣ ҳунару зебоиро ба намоиш гузоштанд. Дар баробари намоиши либосҳо, донишҷӯён оид ба таърихи пайдоиш ва вижагиҳои ҳар як навъи либоси миллӣ маълумоти ҷолиб пешниҳод намуданд, ки ба чорабинӣ ранги маърифатӣ бахшид.
Зимнан таъкид гардид, ки либоси миллӣ на танҳо ҷузъи зоҳирии фарҳанг, балки ойинаи таърих, суннат ва ҳастии миллат мебошад. Пос доштани он, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад.