Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, ба рушди устувори ҷомеа таъсири манфии амиқ мегузорад. Дар чунин шароит, муқовимат бо коррупсия бояд на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки қарзи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд бошад.
Коррупсия ҳамчун “бемории ҷомеа” на танҳо рушди иқтисодиро бозмедорад, балки ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад. Коррупсия, пеш аз ҳама, боиси хароҷоти беасоси буҷети давлатӣ, кам шудани сармоягузорӣ ва афзоиши камбизоатӣ мешавад.
Муқовимат бо коррупсия танҳо бо кӯшиши мақомоти давлатӣ имконпазир нест. Шаҳрвандон низ бояд дар ин раванд фаъолона иштирок намоянд. Ҳар як шахс метавонад дар мубориза бо фасод саҳми худро гузорад. Аввалин қадами муқовимат ин баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии мардум аз оқибатҳои фоҷиабори коррупсия ва қонунгузории зидди ин амали номатлуб мебошад.
Ҳар як шаҳрванд бояд дар ҳолати дучор шудан бо амалҳои коррупсионӣ, бе тарсу таҳлука онро ба мақомот хабар диҳад.
Дар муҳити оила, кор ва ҷомеа фарҳанги ростқавлӣ ва шаффофиятро тарғиб кардан муҳим аст.
Ҳар як шахс метавонад бо рад кардани ришва, назорат ва ошкор намудани амалҳои ноадолатона ба паст шудани сатҳи коррупсия мусоидат кунад.
Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирии омилҳои номатлуби коррупсия хеле муҳим аст. Фаъолони ҷомеа метавонанд тавассути ошкор кардани амалҳои коррупсионӣ дар ин раванд саҳми бузург дошта бошанд. Тавсеаи технологияҳои нав, бахусус истифодаи системаҳои электронии идоракунии давлатӣ, барои паст кардани сатҳи коррупсия нақши бузург мебозад. Бо ҷорӣ кардани хизматрасониҳои электронии давлатӣ, имконияти дахолати инсон ба равандҳои маъмурӣ кам шуда, шаффофият бештар мегардад.
Барои муборизаи муваффақона бо коррупсия, ҳамкории тарафайни шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ зарур аст. Шаҳрвандон бояд эҳсоси масъулият дошта бошанд ва бо адолат, поквиҷдонӣ ва устуворӣ дар муқобили коррупсия истодагарӣ кунанд. Фақат тавассути кӯшиши дастаҷамъона ва иродаи қавӣ метавон ин мушкилоти глобалиро решакан намуд.
Муқовимат бо коррупсия – ин на танҳо вазифа, балки қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванд аст. Агар мо барои поксозии ҷомеа аз фасод талош варзем, метавонем на танҳо имрӯзро беҳтар созем, балки ояндаи дурахшони наслҳои ояндаро низ таъмин кунем. Муттаҳидии ҷомеа, ҳамкории зич бо ниҳодҳои давлатӣ ва парвариши фарҳанги адолат ва шаффофият роҳҳои асосии наҷот аз ин вабои иҷтимоӣ мебошанд.
Агар дастаҷамъона омили номатлуби коррупсияро маҳв кунем, ояндаи дурахшони миллатро ҳифз менамоем!
Шаҳноза Каримӣ,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон





