Коррупсия яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди босуботи давлат ва ҷомеа ба шумор меравад. Ин зуҳурот на танҳо пояҳои иқтисодиро заиф месозад, балки эътимоди мардумро ба мақомоти давлатӣ коҳиш дода, адолати иҷтимоиро халалдор мекунад.
Коррупсия — ин сӯиистифода аз мансаби давлатӣ ё имкониятҳои хизматӣ ба хотири ба даст овардани манфиати шахсӣ, моддӣ ё маънавӣ мебошад.
Он метавонад дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла порагирӣ, хешутаборбозӣ, аз они худкунии маблағҳои давлатӣ ва сӯйистифода аз ваколатҳо зоҳир мешавад. Барои самаранок мубориза бурдан бо коррупсия, танҳо ҷазо додани гунаҳгорон кифоягӣ намекунад. Шаффофияти қабули қарорҳо дар сатҳи давлатӣ кафолати асосии пешгирӣ мебошад.
Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, аз ҷумла “Ҳукумати электронӣ”, робитаи мустақими мансабдор ва шаҳрвандро кам мекунад. Вақте ки аксари хизматрасониҳо ба таври онлайнӣ сурат мегиранд, имконияти талаб кардани пора аз байн меравад.
Мубориза бо коррупсия бояд аз кӯдакистон ва мактаб оғоз шавад. Дар зеҳни насли наврас бояд ҳисси нафрат нисбат ба коррупсия ва эҳтиром ба қонун ташаккул дода шавад. Шаҳрвандон бояд дарк кунанд, ки додани пора низ мисли гирифтани он ҷиноят аст.
Нақши воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар фош кардани ҳолатҳои коррупсионӣ хеле калон аст. Ошкорбаёнӣ силоҳи пурқувваттарин дар муқобили фасод мебошад.Ҳар як узви ҷомеа метавонад дар ин раванд саҳм гузорад: Ҳуқуқҳои худро омӯзед, то касе натавонад аз бехабарии шумо истифода барад.
Мубориза бо коррупсия кори дастҷамъона аст. Танҳо дар сурати ҳамкории зичи давлат ва ҷомеа метавон ин “вабои аср”-ро маҳв кард ва барои ояндаи дурахшони кишвар замина гузошт. Покӣ ва садоқат ба ватан бояд шиори ҳар як хизматчии давлатӣ ва ҳар як шаҳрванд бошад.
Бобоҷонова Умеда,
омӯзгори гимназияи №2-юми шаҳри Бӯстон





