7 январи соли 2026 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҷаласаи якҷояи Шӯрои шаҳрӣ ва Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласа тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд, Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода аз 26 декабри соли 2025 доир шуд.
Дар кори ҷаласа, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Маҳкамбой Миркамолов ва Карамулло Одилов, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев, роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, аъзои Шӯро, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ходимони дин, собиқадорони меҳнат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин пешниҳод ва баррасӣ гардиданд:
Ҳисоботи Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026;
Ҳисоботи Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026;
Тасдиқи нақшаи кории Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон барои соли 2026;
Масъалаҳои ҷорӣ.
Аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, котиби Шӯро Норҷона Давлатова шунида шуд. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Муҳаммадалӣ Бобоев ба музокира баромада, пешниҳод намуд, ки фаъолияти Шӯро қаноатбахш арзёбӣ карда шавад. Бо ҷонибдории аъзои Шӯро фаъолияти Шӯро дар соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардида, вазифаҳо барои соли 2026 муайян карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюм ҳисоботи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, раиси Шӯрои куҳансолон Ғафур Зоирӣ пешниҳод гардид.Дар ҷараёни ҷаласа намояндагони Шӯрои вилоятӣ доир ба тақвияти фаъолияти Ҳаракат, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиби сулҳу ваҳдати миллӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ибрози назар намуданд.
Дар идома 75-солагии аъзои Шӯрои куҳансолон Абдусалом Раупов таҷлил гардида, ба соҳибҷашн паёми табрикии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғдро Шавкат Алиев расонид. Баъдан паёми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ва туҳфаҳои хотиравӣ ба соҳибҷанш тақдим карда шуд. Дар фарҷом нақшаи кории Шӯро барои соли 2026 тасдиқ гардида, ҷаласа бо муайян намудани вазифаҳои минбаъда ба анҷом расид.





