Дар толори Муассисаи таълимии гимназияи №1-и шаҳри Бӯстон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти соҳаи маориф дар соли 2025 ва муайян намудани самтҳои асосии фаъолият барои соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ, инчунин кормандони шуъбаи маорифи шаҳр иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Сатторова Дилрабо Ғаниевна ҳузур доштанд. Ҷаласаро мовини Раиси шаҳр Мамнур Нурзода ифтитоҳ намуда, сипас мудири шуъбаи маорифи шаҳр Акрамзода Рашид ҳисоботи солонаи фаъолияти шуъбаи маориф ва муассисаҳои тобеи онро манзури иштирокдорон гардонд.
Зимни ҳисобот дастовардҳои асосии соҳа, пешрафти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, инчунин мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Таъкид гардид, ки фаъолияти соҳа дар соли ҳисоботӣ ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои таълим ва рушди қобилиятҳои хонандагон равона шудааст. Мудири шуъбаи маорифи шаҳр зимни суханронӣ натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимиро мавриди таҳлили муфассал қарор дода, муваффақиятҳо ва камбудиҳои ҷойдоштаро алоҳида арзёбӣ намуд ва аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати ҷоннок намудани корҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас корбариро боз ҳам пурзӯр намоянд.
Намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Сатторова Дилрабо Ғаниевна ва муовини Раиси шаҳр Мамнур Нурзода зимни баромадҳои худ фаъолияти солонаи шуъбаи маорифи шаҳрро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва густариши дастовардҳои соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин замина зарурати ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявии таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузоршаванда, иштироки фаъол дар олимпиадаҳои фаннӣ ва байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни хонандагон, тақвияти назорати давомоти хонандагон ва омодагии ҷиддии омӯзгорон ба дарсҳо таъкид гардид.
Дар анҷоми ҷаласа як қатор омӯзгорону кормандони фаъол бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаҳои мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон қадрдонӣ шуданд.





