Бегоҳии 31 декабри соли 2025 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, ки бо гузоштани арчаи солинавӣ ба идгоҳ табдил ёфта буд тантанаҳои идона доир гардид.
Нахуст раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода кулли сокинону меҳмонони шаҳрро ба муносибати Соли нави мелодии 2026 таҳният гуфт. Гуфта шуд, ки боиси хушнудист, ки соли 2025 бо азму иродаи устувори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъалаҳои мавҷудаи марзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳалли ниҳоии худро пайдо карданд.
Бо қабули Эъломияи сулҳи Хуҷанд, ҳамчун давлати сулҳпарвару ташаббускор дар раддабандии амнтарин кишварҳои дунё қарор гирифтани Тоҷикистон ва пуштибонии ташаббусҳои байналмилалии он мавқеи Ватани азизамонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошта, дар таърихи давлатдории навини миллӣ саҳифаи тозаро боз намуд.
Ҳамзамон, бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2027-ро ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2026 мо-мардуми сарфарози Тоҷикистон ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.
Пешвои муаззами миллат бо дарки амиқи аҳамияти таърихӣ ва маънавии ин сана дар паёми имсола ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳоди бисёр муҳим ва саривақтиро ба миён гузошта, соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд. Бо боварии том метавон гуфт, ки Соли нави мелодии 2026 барои Тоҷикистони азиз, аз ҷумла шаҳри Бӯстон, соли татбиқи нақшаҳои нав, идомаи корҳои созанда ва комёбиҳои боз ҳам бештар хоҳад шуд. Зеро, дар баробари таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 70-умин солгарди таъсиёбии шаҳри Бӯстон низ таҷлил карда мешавад.
Мо итминон дорем, ки бо ҳамдилӣ, заҳмати софдилона ва дастгирии сиёсати созандаи давлат метавонем ба ҳадафҳои бузург ноил гардем.Барномаи рангини аҳли санъату ҳунар ва рақсу бозии қаҳрамонҳои афсонавӣ ба тантанаҳои идона шукуҳи тоза бахшид.





