Ҳамдиёрони азиз,
Муҳтарам меҳмонону сокинони шаҳри Бӯстон,
Фарорасии Соли нави мелодӣ барои ҳар як инсон, ҳар як оила ва умуман барои ҷомеа рамзи оғози марҳилаи нав, ниятҳои созанда ва ормонҳои тоза ба шумор меравад. Мо низ имрӯз, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, Соли нави мелодии 2026-ро дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ истиқбол мегирем.
Ба ин муносибат ҳамаи Шумо — сокинони шарафманди шаҳри Бӯстон ва меҳмонони гиромиро бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, бахти поянда, ризқи фаровон ва муваффақиятҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Соли сипаригардида барои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шаҳри Бӯстон, соли заҳмати содиқона, фаъолияти пурмаҳсул ва татбиқи ҳадафҳои созанда гардид. Мо бо соли 2025, ки дар он дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст омаданд, бо эҳтиром хайрбод гуфта, ба Соли нави 2026 бо умеду орзуҳои нек, нияту нақшаҳои нав ва иродаи қавӣ қадам мегузорем.
Бо ифтихори бузург бояд таъкид намуд, ки ҳамаи ин пешрафту комёбиҳо самараи сиёсати хирадмандона, дурандешона ва инсонмеҳвари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тадриҷан беҳтар мешавад.
Боиси хушнудист, ки соли 2025 бо азму иродаи устувори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъалаҳои мавҷудаи марзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳалли ниҳоии худро пайдо карданд. Бо қабули Эъломияи сулҳи Хуҷанд, ҳамчун давлати сулҳпарвару ташаббускор дар раддабандии амнтарин кишварҳои дунё қарор гирифтани Тоҷикистон ва пуштибонии ташаббусҳои байналмилалии он мавқеи Ватани азизамонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошта, дар таърихи давлатдории навини миллӣ саҳифаи тозаро боз намуд.
Ҳамзамон, бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2027-ро ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як сокини мамлакат мебошад.Маврид ба зикр аст, ки соли 2026 мо-мардуми сарфарози Тоҷикистон ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.
Пешвои муаззами миллат бо дарки амиқи аҳамияти таърихӣ ва маънавии ин сана дар паёми имсола ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳоди бисёр муҳим ва саривақтиро ба миён гузошта, соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд. Ба истиқболи сазовори ин ҷашни муқаддас дар шаҳри Бӯстон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ иборат аз 223 банд тасдиқ гардида, то имрӯз 224 адад иншоот ва корҳои ободониву бунёдкорӣ ба анҷом расонида шудааст, ки зиёда аз 100 фоизи нақшаи болозикрро ташкил медиҳад.Дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо 592 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуданд.
Дар соли 2025 56 номгӯи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки то 1 декабри соли ҷорӣ 97 адади он амалӣ гардид ва 173 фоизи нақшаи солонаро ташкил дод.
Бо ҳузури мубораки Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон пас аз таъмиру азнавсозӣ – Муассисаи давлатии “Мактаби санъати ба номи Шодмон Алифов” ва корхонаи истеҳсоли “Хишти аълосифат” ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор гирифт, ки яке аз рӯйдодҳои хубу хотирмони соли 2025 мебошанд. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи меҳнати софдилонаи сокинони шаҳр, соҳибкорон, мутахассисон ва кормандони соҳаҳои гуногун мебошанд.
Бо боварии том метавон гуфт, ки Соли нави мелодии 2026 барои Тоҷикистони азиз, аз ҷумла шаҳри Бӯстон, соли татбиқи нақшаҳои нав, идомаи корҳои созанда ва комёбиҳои боз ҳам бештар хоҳад шуд. Зеро, дар баробари таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 70-умин солгарди таъсиёбии шаҳри Бӯстон низ таҷлил карда мешавад.
Мо итминон дорем, ки бо ҳамдилӣ, заҳмати софдилона ва дастгирии сиёсати созандаи давлат метавонем ба ҳадафҳои бузург ноил гардем.Ҳамдиёрони азиз,Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши фарорасии Соли нав ҳар яки моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди худшиносии миллӣ, ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва пешрафти Ватани аҷдодӣ фаъолона саҳмгузор бошем. Танҳо бо иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ метавонем Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.
Бигзор, Соли нави мелодии 2026 барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, саодату некрӯзӣ, амалӣ гардидани орзуву ормонҳо, файзу баракат ва дастовардҳои навин гардад.
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо — сокинони сарбаланд, заҳматқарин ва ватандӯсти шаҳри Бӯстон фарорасии Соли нави мелодии 2026 сидқан муборакбод гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, зиндагии пурнишот, иқболи нек ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон суботу оромӣ, ваҳдати ҷовидонӣ ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!





