ВАТАНДӮСТӢ РУКНИ ШИНОХТИ МАЪНАВИИ ИНСОН АСТ

Ватандӯстӣ як рукни шинохти маънавии инсон буда, ба мисли ҳифзи забони модарӣ, эҳтиром ба мероси таърихию фарҳангии кишвар аст.

Ватандӯстӣ таҷрибаи зиндагии наслҳову миллатҳост, ки дар ёди таърихии халқ барои ояндагон ба мерос мегузарад. Ин мерос гаронбаҳост, зеро воситаи ҳифзи ватану истиқлолияти он аст.

Ҳадафи асосии мо омӯзгорон, тарбияи ватандӯстии насли наврас, бедор кардани муҳаббат ба Ватан, ифтихор аз Ватани худ, ташаккули майлу хоҳиш ва омодагӣ ба ҳимояи Ватан, хоҳиши саҳмгузорӣ дар ободии Ватан мебошад.

Боиси хушнудист, ки бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ба тасвиб расид, ки дар роҳи ватандӯстии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам гузошт.

Мавриди нигаронист, ки имрӯз иддае аз афроди ноогоҳу зудбовар ба доми гуруҳҳои тундраву ифротӣ шомил гардида, ба Ватан – Модари худ хиёнат мекунанд.

Дар баробари ин вазъи  мураккаби ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки сулҳу субот ва Ваҳдату ягонагиро дар Ватани азизамон пойдор нигоҳ дорем. Мо бояд ватандӯсту ватанпарвар бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ, омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

Шаҳло Махсудова,

муовини директор оид ба таълими

муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *