Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон 2 декабри соли 2025 дар толори Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Академия», бо омӯзгорон ва падару модарон мулоқот доир гардид.
Дар кори мулоқот мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр — Ҳофиззода Фарзона, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр — Давлатова Норҷона, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон — Маннонова Мавҷуда Ҷалоловна, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон — Иноятулло Бобоназарзода ширкат намуданд.
Нахуст сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр — Давлатова Норҷона оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 баён доштанд ибрози назар намуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ аз ҷониби маърӯзачиён пеш аз ҳама оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, баланд бардоштани маърифати сиёсию-ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо, ҷалби саривақтии ҷавонон барои даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон оид ба тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ибрози назар карда шуд.





