Санаи 2 декабри соли 2025 дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши фаъолон доир гардид, ки ҳадафи он эҳёи мероси адабии ниёгон ва таҳкими худшиносии миллӣ буд. Дар оғоз раиси шаҳри Бӯстон Нуруллозода Фирӯза аз дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар рушди фарҳанг изҳори сипос намуда, ба масъулин ҷиҳати омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявӣ ва тавсеаи маҳфилҳои шоҳномахонӣ дастур доданд. Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим дар суханронии худ зикр намуд, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ намунаи барҷастаи худшиносии миллӣ буда, таваҷҷуҳи эҳсосии Пешвои миллат ба ин асари безавол саҳми калидӣ дар рушди маънавии ҷавонон дорад. Тибқи иттилоъ, аз соли 2026 озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади эҳёи арзишҳо, боло бурдани маънавиёт ва ҷалби ҷавонон ба мутолиаи адабиёти классикӣ роҳандозӣ мегардад. Ғолибон бо ҷоизаҳои арзанда аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ вазифаи муҳимми ҳар узви ҷомеа буда, «Шоҳнома» метавонад барои насли имрӯз мактаби шуҷоат, худогоҳӣ ва ватандорӣ гардад.





