Ҳамдиёрони азиз, Сокинону меҳмонони Бӯстоншаҳри нозанин!Бо умеди пешрафти босуботи Тоҷикистони азиз ва парафшонии ҷовидонии рамзи бахту иқбол – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми сокинони сарбаланду меҳанпарасти шаҳри Бӯстон ва ҳамдиёрони азиз табрик гуфта, бароятон рӯзгоре пур аз шодиву нишот, тансиҳативу комгорӣ ва сарбаландии ҳамешагӣ таманно менамоям. Орзуманди онам, ки Парчами давлатӣ ҳамчун ливои ваҳдату саодати миллат дар осмони Тоҷикистони маҳбуб ҳамеша парафшон бод! Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо таҷлили як рамзи давлатӣ, балки арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, ифтихор аз истиқлол ва эҳёи ҳуввияти миллӣ мебошад.Парчами давлатӣ аз замонҳои бостон то имрӯз дар тамаддуни мардумони Шарқ аз ҷумла тоҷикон, ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, сарфарозӣ, нангу номус ва шиносномаи давлату миллат дониста мешавад. Парчами имрӯзаи мо, ки дорои рангу тарҳи рамзӣ ва маънавии баланд аст, таҷассумгари таърихи ҳазорсолаи давлатдории ниёгон, фарҳанги пурғановати миллӣ ва ормонҳои давлатсозию давлатдории тоҷикон мебошад.Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар рӯзҳои басо ҳассосу авзои ноороми сиёсии кишвар дар Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии тоҷикистон қабул гардид. Маҳз қабули Парчами давлатӣ ва бо ифтихор ба дидагон кашидани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили пиру барнои кишвар умеди бовару эътимодро ба фардои дурахшони Тоҷикистон ҷилвагар намуд. Ҳоло, вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозии боэътимод, андоза ва истифодаи расмии парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Парчами давлатӣ яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ ва нишонаи асосии истиқлолияти ҳар давлат ва ҳар миллат ба ҳисоб меравад. Воқеан рангҳои пурҷилои Парчами мо ифодакунандаи орзуву ормон ва ҳадафҳои наҷиби Тоҷикистони азизи мо мебошад. Аз ҷумла, ранги сурх — рамзи муборизаву ҷоннисориҳо, ҷасорату далерии фарзандони бонангу номуси миллат, қаҳрамониҳои таърихи ниёгон, ранги сафед — нишонаи покию озодагӣ, шукуҳу саодат ва сулҳу суботу ваҳдати миллӣ, ранги сабз — рамзи ободию сабзиши зиндагӣ, ҷавонию созандагӣ, пешрафти иқтисодӣ ва файзу баракати ин сарзамини биҳиштосо мебошад. Тоҷи заррин бо ҳафт ситора — рамзи соҳибтамаддунӣ, давлатдории қадима ва бозгӯи осори маънавии беназири миллати тоҷик аст.Маҳз аз ҳамин ҷиҳат Парчами давлатӣ имрӯз баёнгари ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардум ва пояи устувори давлатдорӣ маҳсуб меёбад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии кишварро ба унвони рамзи ифтихору сарбаландӣ ва омили муттаҳидкунандаи миллат арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд: «Парчами давлатӣ на танҳо рамзи давлатдории миллист, балки ифодаи шараф, нангу номус ва ҳувияти миллати тоҷик мебошад. Он ҳамчун нишонаи ваҳдат, муттаҳидӣ ва пойдории давлатамон бар фарози сарзамини аҷдодӣ парафшонӣ карда, мардуми кишварро ба сӯи саодат, сулҳу субот ва созандагӣ раҳнамоӣ мекунад». Ин суханон на танҳо андешаи раҳнамо ва сиёсати давлати тоҷикон, балки васияти маънавии Пешвои миллат ба ҳар як сокини кишвар мебошад.Таърих гувоҳ аст, ки Парчами давлатӣ дар ҳама давру замон миллати тоҷикро муттаҳид сохтааст. Дар солҳои душвору сарнавиштсоз низ халқи тоҷик зери ин ливои муқаддас сарҷамъ шуд, иродаи воҳид пайдо намуд ва бо ҳамбастагӣ Ватани азизи моро аз нооромиҳо раҳонид. Имрӯз низ мо дар зери ин парчами шарафманд ба роҳи рушду нумӯи давлатӣ қадамҳои устувор мегузорем.Парчами давлатӣ аз рӯзи нахустини қабул то имрӯз ба нерӯи созандагӣ, худшиносии миллӣ, худбоварии давлатӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ мусоидат намуда истодааст.Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парафшонии рекордии Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 30 августи соли 2011 номи кишвари худро дар саҳифаҳои дастовардҳои ҷаҳонӣ сабт намуд. Парафшонии Парчами миллӣ бо баландии 165 метр бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ифтихори миллии тоҷикон, балки рамзи нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон гардид.Бо ифтихор баён менамоем, ки имрӯз ба ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи марказҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо гулгаштҳои Парчами давлатӣ бунёд гардида, симои шаҳру рустоҳои кишварро боз ҳам зебо мегардонад. Аз баракати ҳамин сиёсати созанда, 23 октябри соли 2018 дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Парчами давлатии кишвар мавриди истифода қарор гирифт, ки имрӯз ба яке аз ҷойҳои ободу назаррабо табдил ёфтааст.Ин макон имрӯз на танҳо майдони баргузории чорабиниҳои давлатӣ, балки фазои дӯстиву рафоқат, истироҳату фароғат ва маҳалли бозтоби фарҳанг, тамаддун ва ҳамбастагии сокинону меҳмонони шаҳри Бӯстон мебошад.Боиси ифтихор аст, ки Парчами давлатии мо имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон тавассути дастовардҳои ҷавонон, варзишгарон, олимон ва соҳибкасбони тоҷик парафшон мешавад. Ҳар ҷо ки парчами мо боло меравад, қалби ҳар як фарди тоҷик аз ифтихор лабрез мегардад, зеро ин нишонаи шараф, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги баланди сиёсиву иҷтимоӣ ва пешрафти миллат аст.Итминони комил дорем, ки сокинони шаҳри Бӯстон минбаъд низ зери ливои парчамфурӯзи кишвар бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр, тақвияти иқтидори давлатдорӣ, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистони маҳбубамон кӯшишҳои созандаро тақвият мебахшанд.Бо чунин ниятҳои нек ва ифтихори бузург аз давлату миллат, бори дигар ҳамаи Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Орзу дорам, ки дар фазои Тоҷикистони биҳиштосо ҳамеша Парчами саодати миллат ва озодиву истиқлоли мо парафшон бод!Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Паëми табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон





