ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!-баргузории роҳпаймоии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Бӯстон

22 ноябри соли 2025 дар шаҳри Бӯстон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии тантанавӣ баргузор гардид.Дар ин роҳпаймоӣ роҳбарияти шаҳр, масъулони воҳидҳои сохторӣ, хизматчиёни давлатӣ, афсарону сарбозони шуҷоъи Ватан, омӯзгорону толибилмони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, муассисаҳои таълимӣ, устодону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, филиали Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, варзишгарон, ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендияи раиси вилояти Суд ва раиси шаҳри Бӯстон, кормандони корхонаҳою ташкилотҳо ва намояндагони касбу кори гуногун бо иштироки беш аз 4000 нафар ширкат варзиданд.Роҳпаймоии идона тавассути кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт.Иштирокчиён бо парчамҳои давлатӣ, шиорҳои ифтихорӣ ва аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зоҳир намудани эҳтирому садоқати хеш ба рамзҳои давлатӣ роҳсипор гардиданд.