22 ноябри соли 2025 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар чорабинии пуршукуҳ раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Ғайрат Оқилзода, муовини якум ва муовини раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, омӯзгорону толибилмони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, филиали коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, варзишгарон, ҷавонони фаъол ва кормандони корхонаву ташкилотҳои гуногун ширкат варзиданд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Сипас, сухани ифтитоҳии раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода шунида шуда, сухан ба намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Ғайрат Оқилзод ҷиҳати ироаи паёми табрикии Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.Дар идома, сухани табрикии раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо таҷлили як рамзи давлатӣ, балки арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, ифтихор аз истиқлол ва эҳёи ҳуввияти миллӣ мебошад. Парчами давлатӣ аз замонҳои бостон то имрӯз дар тамаддуни мардумони Шарқ аз ҷумла тоҷикон, ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, сарфарозӣ, нангу номус ва шиносномаи давлату миллат дониста мешавад. Парчами имрӯзаи мо, ки дорои рангу тарҳи рамзӣ ва маънавии баланд аст,таҷассумгари таърихи ҳазорсолаи давлатдории ниёгон, фарҳанги пурғановати миллӣва ормонҳои давлатсозию давлатдории тоҷикон мебошад.Зимнан қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии кишварро ба унвони рамзиифтихору сарбаландӣ ва омили муттаҳидкунандаи миллат арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд: «Парчами давлатӣ на танҳо рамзи давлатдории миллист, балки ифодаи шараф, нангу номус ва ҳувияти миллати тоҷик мебошад. Он ҳамчун нишонаи ваҳдат, муттаҳидӣ ва пойдории давлатамон бар фарози сарзамини аҷдодӣ парафшонӣ карда, мардуми кишварро ба сӯи саодат, сулҳу субот ва созандагӣ раҳнамоӣ мекунад». Ин суханон на танҳо андешаи раҳнамо ва сиёсати давлати тоҷикон, балки васияти маънавии Пешвои миллат ба ҳар як сокини кишвар мебошад.Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли санъат ва хонандагони шаҳр барномаи консертии идонаро, ки аз сурудҳои васфкунандаи Ватан, Тоҷикистон, Парчами давлатӣ, дӯстиву рафоқат ва созандагию сарсабзӣ иборат буд, ба ҳозирин пешкаш намуданд.
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! – таҷлили бошукуҳи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон





