Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ–назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия — бахтномаи миллат» баргузор гардид.Дар кори конференсия муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода ва муовини якуми ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлатзода Давлат ва муовини ректор Воҳидҷон Мирзозода иштирок намуданд.
Конференсияро Давлатзода Давлат ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва эҷоди Конститутсияи давлати навини тоҷикон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пойдории истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуд.
Номбурда таъкид кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи бехтарин санадҳои асосии ҳуқуқии ҷаҳон ба шумор меравад, ки ҳамаи самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро танзим менамояд. Ба таъкиди ӯ, маҳз бо талошҳои пайгирона ва заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми устувори конститутсионӣ дар кишвар пойдор гардид ва асоси давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ гузошта шуд.
Дар идомаи конференсия, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода номаи табрикотии Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозодаро ба самъи ҳозирин расонида, зикр намуд, ки Конститутсия ҳамчун бахтномаи воқеии миллат ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати амнияти миллӣ ва пешрафти ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин менамояд. Ӯ афзуд, ки конститутсияи миллӣ омили муҳими таҳкими ваҳдат, субот ва амнияти давлат буда, ҳамзамон ҳамчун дастури роҳнамо барои ҳар як шаҳрванд хизмат мекунад.Мавсуф изҳор дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи ваҳдату ҳамбастагии миллӣ ва кафили суботи сиёсиву иҷтимоӣ мебошад.
Маҳз дар партави Конститутсия ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон роҳи устувори рушд, пешрафт ва таҳкими пояҳои давлатдориро пайгирона идома медиҳад.Ҳамчунин таъкид гардид, ки Конститутсия на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат медиҳад, балки ҳар як шаҳрвандро ба эҳсоси масъулиятшиносӣ, худшиносӣ ва меҳанпарастӣ раҳнамоӣ месозад. Иҷрои дурусти талаботи Конститутсия ва эҳтироми он аз ҳар як шаҳрванд эҳсоси ватандорӣ ва садоқат ба давлатро тақозо мекунад.
Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳидҷон дар мавзӯи “Конститутсия — бахтномаи миллат” суханронӣ намуда, нақши ин санади сарнавиштсозро дар ташаккули тафаккури ҳуқуқии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ муҳим арзёбӣ кард.
Ӯ таъкид намуд, ки ҷавон бояд бо меъёрҳои конститутсионӣ шинос бошад, зеро танҳо дар партави риояи онҳо рушди устувори ҷомеа имконпазир аст.
Конференсия бо сухани хотимавии муовини аввали ректор Давлатзода Давлат ба интиҳо расид.





