АҲАМИЯТИ ТАЪРИХӢ ВА СИЁСИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар доираи баргузории чорабиниҳо тибқи моҳвораи кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Аҳамияти таърихӣ ва сиёсии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Шаҳноза Каримӣ — мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон, Қозизода Камолуддин Сангин — декани факултети электромеханика, Аминзода Мавлуда Самеъ — мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ ва Саидов Анвар Акрамович — муовини декани факултети электромеханика оид ба корҳои тарбиявӣ ширкат варзиданд.Қозизода Камолуддин Сангин мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба аҳамияти омӯзиши Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз ва пояи ҳуқуқии давлатдории миллӣ суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки Конститутсия рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдат ва суботи ҷомеаи тоҷикон буда, барои ҷавонон мактаби худшиносӣ ва ватандӯстӣ мебошад.

Баъдан сухан ба Шаҳноза Каримӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон манзур гардид. Зимнан таъкид карда шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 яке аз рӯйдодҳои тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад. Маҳз бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсия ба бахтномаи ҳақиқии миллат табдил ёфт, ки кафолати сулҳу субот, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Сипас Саидов Анвар Акрамович, муовини декани факултети электромеханика оид ба корҳои тарбиявӣ, маърӯзаи пурмуҳтаво дар мавзӯи “Аҳамияти таърихӣ ва сиёсии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа намуд. Дар баромади худ мавсуф зикр дошт, ки Конститутсия ҳамчун санади олитарини ҳуқуқӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушду нумӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.

Дар анҷом таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат ва санади таърихӣ мардуми тоҷикро ба роҳи ваҳдат, субот ва пешрафти устувор раҳнамоӣ намуда, барои ҳар як шаҳрванд рамзи ифтихор ва ватандӯстӣ мебошад.