Ҳамдиёрони азиз,
Сокинону меҳмонони шаҳри Бӯстон,
Дар замони муосир яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ доштани рамзҳои муқаддас, аз ҷумла, Конститутсия мебошад. Маҳз дар он масъалаҳои асосии давлатдорӣ, самтҳои рушди миллӣ ва арзишҳои умумибашарии ҷомеа мустаҳкам гардидаанд. Аз ҳамин ҷост, ки шаклу сохти давлат, сатҳи тараққиёти қонунгузорӣ ва самаранокии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ бевосита аз моҳият ва мазмуни Конститутсия вобастаанд.6 ноябри соли 1994 ҳамчун санаи тақдирсози миллат бо ҳарфҳои заррин дар таърихи навини халқи тоҷик сабт шудааст. Зеро маҳз дар ин рӯз санади муқаддаси давлатдорӣ — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва таҳкими давлати миллӣ нақши сарнавиштсоз дорад, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯйдод яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад.
Бо таъкиди ҳикматбори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози давраи нав дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон гардид. Он заминаи устувори ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои таъмини ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва суботи ҷомеа фароҳам овард».Басо хушоянд аст, ки ҳамасола 6-уми ноябр дар Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол Рӯзи Конститутсия бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо — сокинони сарбаланду заҳматқарини шаҳри Бӯстонро бо фарорасии 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният гуфта, ба хурду бузурги кишвар саломативу саодатмандӣ, файзу баракат ва зиндагии пурнур таманно дорам.Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз аз ҷумлаи он кишварҳост, ки Конститутсияи устувори худро доро буда, он ҳамчун пояи асосии давлатдорӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон шинохта шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи ирода ва манфиати халқи кишвар буда, бо мазмуну сохтори худ яке аз комилтарин конститутсияҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад ва дар шумори панҷ конститутсияи беҳтарини ҷаҳон қарор дорад. Ин санад тамоми меъёрҳои муосири демократӣ, арзишҳои озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро фаро гирифта, самти ҳаракати ҷомеаи моро ба сӯи адолат, пешрафт ва суботи устувор муайян намудааст.Риояи меъёрҳои Конститутсия моро ба сӯйи ояндаи ободу дурахшон раҳнамо месозад. Тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Вазифаи ҷониву имонии ҳар яки мост, ки дастовардҳои бузурги милливу давлатиро таҳкиму тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони Ватанамонро бо кору фаъолияти содиқонаву софдилона, яъне бо дастони худамон созем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия арҷ гузорем ва дар асоси он барои расидан ба ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем».Гузашти солҳо собит сохт, ки роҳи пешгирифтаи мардуми тамаддунсози тоҷик — роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст, ягона роҳи дурусту устувор мебошад. Имрӯз, дар шароити ҷаҳони пуртазод ва таҳдидҳои муосир, ки истиқлоли миллӣ ва амнияти давлатҳоро зери хатар қарор дода метавонанд, эҳтиром ва риояи ҳатмии меъёрҳои Конститутсия барои ҳар як шаҳрванд аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҳифзи Конститутсия — ҳифзи давлат, Истиқлол, ваҳдати миллӣ ва озодии инсон аст.Бо дарназардошти моҳияти он метавон гуфт, ки Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки санади сиёсиву идеологӣ ва шиносномаи давлатӣ мебошад, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.Аҳамияти ҳуқуқии Конститутсия дар он аст, ки маҳз ин санади асосӣ пояи тамоми низоми қонунгузории кишварро ташкил медиҳад ва барои танзими муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ замина мегузорад. Итминони комил дорем, ки мардуми соҳибхирад ва соҳибмаърифати тоҷик бо дарки муҳимияти оромиву осудагии Тоҷикистони азизу муқаддас меъёрҳои Конститутсияро риоя карда, барои муаррифии бештари Ватани маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ ҷаҳду талоши бештар хоҳанд намуд.Бо ибрози чунин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи ҳамдиёрони азизро ба ифтихори 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан бахту саодат, файзу сафо ва оромиву ободиро орзу менамоям.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамдиёрони азиз!





