5 ноябри соли 2025 дар толори «Театри давлатии русии драма ва мазҳакаи ба номи А.С. Пушкин»-и шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.Дар тантанаи идона раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди сайёҳии вилоят Абдумаҷид Раҳимов, муовини якум, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, афсарону сарбозон, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.Нахуст, сухани ифтитоҳиро раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Фирӯза Нуруллозода ироа намуда, аҳли толорро бо ин рӯзи муборак табрику таҳният гуфт.
Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов паёми шодбошии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи ҳозирин расонид.
Дар идома, сухани табрикии раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.Таъкид гардид, ки Конститутсия ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ на танҳо ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки санади сиёсиву идеологӣ мебошад, ки пояи устувори рушди миллӣ ва ваҳдати ҷомеаро таъмин менамояд. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати санади сарнавиштсоз ва раҳнамои ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат нақши таърихӣ бозид. Дар он меъёрҳои муосири демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ мустаҳкам гардидаанд.
Бо иқтибос аз суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки «Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози давраи нав дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон гардид.
Он заминаи устувори ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои таъмини ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва суботи ҷомеа фароҳам овард».Дар суханронии худ раиси шаҳр афзуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи возеҳи ирода ва манфиати халқи кишвар буда, бо мазмуну сохтори худ дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон ҷой гирифтааст. Ҳифзи Конститутсия — ин ҳифзи давлат, истиқлол, ваҳдати миллӣ ва озодии инсон аст.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи пуршукуҳи фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунар баргузор гардид.












