Бо такя ба сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла Абдураҳмон Абдураҳимов ва Баҳром Азизовро аёдат намуд.
Дар ин рӯз роҳбари шаҳр аз корнамоии фарзандони сарсупурдаи миллат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри барқарории сулҳу субот ёдовар шуда, иброз дошт, ки давлату миллат ҳеҷ гоҳ корнамоии шуморо фаромӯш нахоҳад кард. Собиқадорон аз роҳандозии чунин тадбирҳои ватандӯстона изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.





